Пулиси Маскав хабари задухӯрди ҷамъии муҳоҷирон дар Коптеворо рад кард

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкСотрудник полиции, архивное фото
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав хабари задухӯрди гурӯҳии муҳоҷирон дар Коптеворо рад намуданд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Хабари ҷанги дастаҷамъӣ дар Коптеворо кормандони пулиси шаҳри Маскав рад намуданд. Ба таъкиди ниҳоди марбута, занозанӣ танҳо миёни ду муҳоҷир сар зад, ки дар натиҷа яке аз онҳо ба бемористон интиқол ёфт.
Такзиби ин хабар дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо аз задухӯрди навбатии муҳоҷирон дар шаҳри Маскав хабар дода буданд.
Массовая драка на Хованском кладбище в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи занозании гуруҳии муҳоҷирон дар Маскав
Расонаҳо навиштаанд, ки чанде пеш дар қисмати шимоли Маскав муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз истеъмоли машруботи зиёд ҷанги дастҷамъӣ намуданд, ки дар натиҷа кормандони пулис дастикам 23 нафарро боздошт карданд.

"Шаби якшанбе ба душанбе, дар суроғаи хатти 3-юми Михалковский, дар бораи муноқиша хабар расид. Кормандони полис, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, муайян намуданд, ки муноқиша миёни ду нафар сар задааст, ки яке дигариро аз қисмати пой захмӣ намудааст", - гуфта мешавад дар хабари идораи давлатии умури дохилӣ дар шаҳри Маскав.

Зикр гардид, ки муҳоҷири захмӣ ба бемористон интиқол ёфту ҳамлагар ба идораи пулис.
Қаблан ВУД Русия хабар дод, ки муҷозоти муҳоҷиронро барои задухӯрди гурӯҳӣ пурзӯр мекунад.
Лентаи хабарҳо
0