Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи занозании гуруҳии муҳоҷирон дар Маскав

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМассовая драка на Хованском кладбище в Москве
Массовая драка на Хованском кладбище в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Обуна шудан
Дар пайи занозании охири муҳоҷирон дар кӯчаи Баумани Маскав мақомоти умури дохилии шаҳр парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мақомоти пулиси Маскав аз рӯи ҳодисаи занозанӣ дар кӯчаи Бауман парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Дастандаркорони занозании гуруҳии муҳоҷирон, ки мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Кумитаи тафтишотии Русия қарор гирифт, бар асоси қонун муҷозот хоҳанд шуд, навиштааст ТАСС бо такя ба манобеяш дар мақомот.
Занозании ахир дар кӯчаи Бауман 27 август сабт шуда, ба итттилои мақомот ҳадди ақал 10 нафар дар он иштирок кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки алайҳи саркардаҳои занозанӣ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Ба вайронкунандагони тартибот ҷарима ба андозаи 500 то 1 миллион рубл, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ва ё зиндон ба муҳлати 7 сол таҳдид мекунад.
Вадим Коженов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Коженов дар бораи муноқишаи муҳоҷирон: ин тақсими бозор нест
Илова шудаст, ки баъди занозанӣ санҷиш оғоз шуда, ба идораи милиса 49 нафар оварда шудаанд, ки 15 нафарашон барои майдаавбошӣ ҷаримабандӣ гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия вазъи марбут ба занозании гуруҳии муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро зери назорат гирифтааст, хабар дод дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, Бастрикин ба роҳбари Сарраёсати тафтишотии Маскав, Андрей Стрижов дастур дод, ки санҷишро роҳандозӣ карда, аз натиҷаи он гузориш диҳад. Дар расонаҳо вақтҳои охир хабарҳо дар мавриди занозании гуруҳии муҳоҷирон зиёд ба нашр мерасанд.
Лентаи хабарҳо
0