https://sputnik.tj/20211018/nom-rohbari-hayati-tolibon-maskav-1042938029.html
Номи роҳбари ҳайати "Толибон"* дар Маскав маълум шуд
Номи роҳбари ҳайати "Толибон"* дар Маскав маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати "Толибон"* таҳти роҳбарии муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистонро дар ҳамоиши Маскав роҳбарӣ хоҳад кард
2021-10-18T15:50+0500
2021-10-18T15:50+0500
2021-10-18T19:43+0500
маскав
афғонистон
толибон
нишаст
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102737/59/1027375909_0:156:3087:1892_1920x0_80_0_0_fb96398e79cc4285e489312fdf64fa29.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби раиси ҳукумати "Толибон"* дар садри як ҳайати ин созмони мамнуъ дар ҳамоиши Маскав дар мавзӯи Афғонистон иштирок хоҳад кард, хабар дод шабакаи телевизионии "Tolo News".Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ қаблан таъйид намуд, ки ҳайати "Толибон"* барои музокирот бо мақомдорони баландпояи Русия озими Маскав мегарданд. Инъоммулоҳ Самангонӣ, узви Комиссияи "Толибон"* дар умури фарҳанг низ изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон иштирок дар ҳамоиши Маскавро чун имкони роҳандозии иртиботи расмӣ бо кишварҳои дигар медонанд. "Ҳайати баландпояи Афғонистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ дар Маскав бо намояндагони кишварҳои гуногун масоили мухталифи марбут ба Афғонистонро баррасӣ мекунанд", - изҳор дошт Самангонӣ.Мулоқоти Маскав дар мавзуи Афғонистон 20 октябр баргузор мешавад.Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, Маскав нияти пешниҳоди эродҳояш ба "Толибон"* ва баррасии роҳҳои ҳалли онро дорад.Дипломат таъкид намуд, ки Маскав аз ин мулоқот натиҷаҳои куллиеро интизор надорад."Ин як раванди тӯлонист ва мо инро дарк мекунем. Ин ҷо масъалаи ҳуқуқи башар ва масоили гуманитарию роҳҳои ҳалли он дар миён гузошта хоҳанд шуд", - таъкид намуд Кобулов.Феълан ИМА иштирокашро дар Маскав таъйид накардааст. * - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211018/karzay-etirofi-tolibon-jahon-qonuniyati-milli-1042929612.html
маскав
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102737/59/1027375909_179:0:2908:2047_1920x0_80_0_0_eca3ac2520f4bc346b24524c8ee06e1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, маскав, гуфтушунид, мулоқот, афғонистон, русия, абдусалом ҳанафӣ
толибон, маскав, гуфтушунид, мулоқот, афғонистон, русия, абдусалом ҳанафӣ
Номи роҳбари ҳайати "Толибон"* дар Маскав маълум шуд
15:50 18.10.2021 (Навсозишуда: 19:43 18.10.2021) Ҳайати "Толибон"* таҳти роҳбарии муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон дар ҳамоиши Маскав ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби раиси ҳукумати "Толибон"* дар садри як ҳайати ин созмони мамнуъ дар ҳамоиши Маскав дар мавзӯи Афғонистон иштирок хоҳад кард, хабар дод шабакаи телевизионии "Tolo News".
Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ қаблан таъйид намуд, ки ҳайати "Толибон"* барои музокирот бо мақомдорони баландпояи Русия озими Маскав мегарданд.
Инъоммулоҳ Самангонӣ, узви Комиссияи "Толибон"* дар умури фарҳанг низ изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон иштирок дар ҳамоиши Маскавро чун имкони роҳандозии иртиботи расмӣ бо кишварҳои дигар медонанд.
"Ҳайати баландпояи Афғонистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ дар Маскав бо намояндагони кишварҳои гуногун масоили мухталифи марбут ба Афғонистонро баррасӣ мекунанд", - изҳор дошт Самангонӣ.
Мулоқоти Маскав дар мавзуи Афғонистон 20 октябр баргузор мешавад.
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, Маскав нияти пешниҳоди эродҳояш ба "Толибон"* ва баррасии роҳҳои ҳалли онро дорад.
Дипломат таъкид намуд, ки Маскав аз ин мулоқот натиҷаҳои куллиеро интизор надорад.
"Ин як раванди тӯлонист ва мо инро дарк мекунем. Ин ҷо масъалаи ҳуқуқи башар ва масоили гуманитарию роҳҳои ҳалли он дар миён гузошта хоҳанд шуд", - таъкид намуд Кобулов.
Феълан ИМА иштирокашро дар Маскав таъйид накардааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар