https://sputnik.tj/20211018/karzay-etirofi-tolibon-jahon-qonuniyati-milli-1042929612.html
Карзай: Барои эътирофи "Толибон"* дар ҷаҳон онҳо бояд аввал қонунияти миллӣ дошта бошанд
Карзай: Барои эътирофи "Толибон"* дар ҷаҳон онҳо бояд аввал қонунияти миллӣ дошта бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти пешин гуфт, ки доштани қонунияти миллӣ дар ҳама кишварҳо асоси эътирофи байналмилалӣ мебошад. 18.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-18T11:40+0500
2021-10-18T11:40+0500
2021-10-18T17:15+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
қонун
афғонистон
ҳамид карзай
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_0:29:3104:1775_1920x0_80_0_0_bd9b57623601e93063d760dd0f2f4e10.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон мегӯяд, ки ҳукумати "Толибон"* бояд барои расидан ба эътирофи байналмилалӣ аввал қонунияти миллӣ ба даст орад, навиштааст Sputnik Аф-онистон.Ба гуфтаи Карзай, доштани қонунияти миллӣ дар ҳама кишварҳо асоси эътирофи байналмилалӣ мебошад.Вай гуфтааст, ки қонунияти миллии ҳукумати "Толибон"*-ро метавон тавассути интихобот ё бо назардошти вазъи кунунӣ тавассути Луи Ҷирга ба даст овард.Пас аз ишғоли Кобул "Толибон"* "Аморати Исломии Афғонистон"-ро таъсис ва ҳамчунин ҳукумати муваққатӣ ташкил кард. Аммо то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро эътироф накардааст.Дар ҳамин ҳол Карзай таъкид кардааст, ки ҳукумати "Толибон"* бояд Қонуни Асосӣ дошта бошад.Ӯ изҳор дошт, ки "Толибон"* ба сарқонуни шоҳии Афғонистон ишора кардаанд, аммо ниёз аст, ки ин қонун аз тариқи як фармон ҷорӣ шавад, "пас таҳти парчами сегона идора карданро идома диҳанд".Раисҷумҳури пешин ба дахолати Покистон ба Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки "Покистон намояндаи Афғонистон нест".Ба гуфтаи вай, ба ҷои мудохила ё ташвиқи ифротгароӣ ё терроризм Покистон бояд бар асоси принсипҳои шаҳрвандӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо Афғонистон муносибатҳои мутамаддин барпо кунад.Қобили зикр аст, ки пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ генерал Файз Ҳамид, раҳбари пешини истихбороти низомии Покистон (ISI) барои мулоқот бо раҳбарони "Толибон"* вориди Кобул шуд. Ҳадафи сафари Файз Ҳамид ҳалли ихтилофот байни раҳбарони "Толибон"* гуфта мешуд, аммо мақомоти "Толибон"* гуфтанд, ки намояндаи покистонӣ барои беҳбуди равобит ба Кобул омадааст.Ёдовар мешавем, Афғонистон тайи беш аз ду моҳ аст, зери идораи "Толибон"* қарор дорад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе аз кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211018/rusiya-kobul-karzay-abdulloh-nishast-maskav-1042926437.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102877/73/1028777361_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_dfc4d7b724a3efe4fa0d665b447e025e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, сиёсат , қонун, афғонистон, ҳамид карзай, гурӯҳи террористии "толибон"
дар ҷаҳон, сиёсат , қонун, афғонистон, ҳамид карзай, гурӯҳи террористии "толибон"
Карзай: Барои эътирофи "Толибон"* дар ҷаҳон онҳо бояд аввал қонунияти миллӣ дошта бошанд
11:40 18.10.2021 (Навсозишуда: 17:15 18.10.2021) Президенти пешин гуфт, ки доштани қонунияти миллӣ дар ҳама кишварҳо асоси эътирофи байналмилалӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон мегӯяд, ки ҳукумати "Толибон"* бояд барои расидан ба эътирофи байналмилалӣ аввал қонунияти миллӣ ба даст орад, навиштааст Sputnik Аф-онистон.
Ба гуфтаи Карзай, доштани қонунияти миллӣ дар ҳама кишварҳо асоси эътирофи байналмилалӣ мебошад.
Вай гуфтааст, ки қонунияти миллии ҳукумати "Толибон"*-ро метавон тавассути интихобот ё бо назардошти вазъи кунунӣ тавассути Луи Ҷирга ба даст овард.
Пас аз ишғоли Кобул "Толибон"* "Аморати Исломии Афғонистон"-ро таъсис ва ҳамчунин ҳукумати муваққатӣ ташкил кард. Аммо то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро эътироф накардааст.
Дар ҳамин ҳол Карзай таъкид кардааст, ки ҳукумати "Толибон"* бояд Қонуни Асосӣ дошта бошад.
Ӯ изҳор дошт, ки "Толибон"* ба сарқонуни шоҳии Афғонистон ишора кардаанд, аммо ниёз аст, ки ин қонун аз тариқи як фармон ҷорӣ шавад, "пас таҳти парчами сегона идора карданро идома диҳанд".
Раисҷумҳури пешин ба дахолати Покистон ба Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки "Покистон намояндаи Афғонистон нест".
Ба гуфтаи вай, ба ҷои мудохила ё ташвиқи ифротгароӣ ё терроризм Покистон бояд бар асоси принсипҳои шаҳрвандӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо Афғонистон муносибатҳои мутамаддин барпо кунад.
"Мо мутмаинем, ки ҳукумати феълӣ, таҳрики "Толибон"* ба дахолати Покистон ҳассосият нишон медиҳад", - гуфт Карзай.
Қобили зикр аст, ки пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ генерал Файз Ҳамид, раҳбари пешини истихбороти низомии Покистон (ISI) барои мулоқот бо раҳбарони "Толибон"* вориди Кобул шуд. Ҳадафи сафари Файз Ҳамид ҳалли ихтилофот байни раҳбарони "Толибон"* гуфта мешуд, аммо мақомоти "Толибон"* гуфтанд, ки намояндаи покистонӣ барои беҳбуди равобит ба Кобул омадааст.
Ёдовар мешавем, Афғонистон тайи беш аз ду моҳ аст, зери идораи "Толибон"* қарор дорад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе аз кишварҳои дигар