https://sputnik.tj/20211018/myasnikov-nushoki-salomati-khatarnokro-1042926674.html
Мясников гуфт, кадом нӯшокӣ аз ҳама зиёд барои саломатӣ хатарнок аст
Мясников гуфт, кадом нӯшокӣ аз ҳама зиёд барои саломатӣ хатарнок аст
Sputnik Тоҷикистон
Доктор Мясников мегӯяд, истифодаи нӯшокиҳои ширини газдор ба бемориҳои онкологӣ мусоидат мекунад
2021-10-18T07:00+0500
2021-10-18T07:00+0500
2021-10-18T14:41+0500
фоида
тандурустӣ
духтурон
оби нӯшокӣ
хатар ба саломатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102735/28/1027352830_0:19:2987:1699_1920x0_80_0_0_8ac0868c5f15f0af766142b6747b04aa.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Духтур ва ровии телевизион Александр Мясников фоида ва зарари баъзе нӯшокиҳоро дар шабакаи телевизионии "Россия 1" ошкор кард.Ба гуфтаи коршинос, нӯшобаҳои ширини газдор хатари зиёд ба саломатӣ дорад. Вай қайд кард, ки имрӯз ин маҳсулот дар ҳама ҷо фурӯхта мешавад.Табиб гуфт, ки ҳатто оби оддиро танҳо ҳангоми ташнагӣ нӯшидан лозим аст. Аммо дар маҷмуъ,он барои саломатӣ аз ҳама камтар хатарнок аст, таъкид кард ӯ. Мясников инчунин дар бораи хосиятҳои муфиди чой ва қаҳва низ гуфт. Ба гуфтаи ӯ, қаҳва, хусусан ба пешгирии бемориҳои дилу раг ва бемориҳои ҷигар мусоидат мекунад ва чойи сабз таъсири зиддисаратонӣ дорад. Қаблан олимони Донишгоҳи Рединг нӯшокиеро номбар карда буданд, ки метавонад умрро дароз кунад. Ба гуфтаи онҳо, сухан дар бораи истифодаи ҳадди ақал як шиша шир дар як рӯз меравад, ки ин сатҳи холестиринро дар бадан коҳиш медиҳад ва инчунин хатари бемории ишемияи дилро 14 фоиз кам мекунад.
https://sputnik.tj/20211006/kadom-ghizo-mamul-qotil-masuniyat-inson-1042687894.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102735/28/1027352830_53:0:2784:2048_1920x0_80_0_0_0355eb6c5adb42f7d10a34b4d8b05785.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мясников нӯшокӣ саломатӣ хатарнок
мясников нӯшокӣ саломатӣ хатарнок
Мясников гуфт, кадом нӯшокӣ аз ҳама зиёд барои саломатӣ хатарнок аст
07:00 18.10.2021 (Навсозишуда: 14:41 18.10.2021) Доктор Мясников мегӯяд, истифодаи нӯшокиҳои ширини газдор ба бемориҳои онкологӣ мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Духтур ва ровии телевизион Александр Мясников фоида ва зарари баъзе нӯшокиҳоро дар шабакаи телевизионии "Россия 1" ошкор кард.
Ба гуфтаи коршинос, нӯшобаҳои ширини газдор хатари зиёд ба саломатӣ дорад. Вай қайд кард, ки имрӯз ин маҳсулот дар ҳама ҷо фурӯхта мешавад.
"Чизе, ки диабет, фарбеҳиро ба вуҷуд меорад ва дар ниҳоят боиси саратон мешавад. <...>. Ин дар ҳақиқат роҳи бузурги бад кардани саломатӣ аст, ки аз остеопороз сар карда, то онкология ва бемориҳои дил анҷом меёбад", - шарҳ дод Мясников.
Табиб гуфт, ки ҳатто оби оддиро танҳо ҳангоми ташнагӣ нӯшидан лозим аст. Аммо дар маҷмуъ,он барои саломатӣ аз ҳама камтар хатарнок аст, таъкид кард ӯ.
Мясников инчунин дар бораи хосиятҳои муфиди чой ва қаҳва низ гуфт. Ба гуфтаи ӯ, қаҳва, хусусан ба пешгирии бемориҳои дилу раг ва бемориҳои ҷигар мусоидат мекунад ва чойи сабз таъсири зиддисаратонӣ дорад.
Қаблан олимони Донишгоҳи Рединг нӯшокиеро номбар карда буданд, ки метавонад умрро дароз кунад. Ба гуфтаи онҳо, сухан дар бораи истифодаи ҳадди ақал як шиша шир дар як рӯз меравад, ки ин сатҳи холестиринро дар бадан коҳиш медиҳад ва инчунин хатари бемории ишемияи дилро 14 фоиз кам мекунад.