https://sputnik.tj/20211006/kadom-ghizo-mamul-qotil-masuniyat-inson-1042687894.html
Маълум шуд, кадом ғизои маъмул "қотил"-и масунияти инсон аст
Маълум шуд, кадом ғизои маъмул "қотил"-и масунияти инсон аст
Sputnik Тоҷикистон
Аксари дӯстдорони ин ғизо аз хатарнокии он пай намебаранд
2021-10-06T20:15+0500
2021-10-06T20:15+0500
2021-10-07T19:20+0500
тандурустӣ
ғизо
хатарнок
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042680336_414:433:1920:1280_1920x0_80_0_0_cda3751281fffe6df590af9054e79877.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Донаҳои офтобпараст ба масунияти инсон зарбаи сахт мезананд. Дар ин бора дар суҳбат бо радиои Sputnik ғизошинос Наталя Сичева иттилоъ додааст.Сарфи назар аз миқдори зиёди витаминҳои A, E ва D, ки дар равған ҳалшавандаанд, донаи офтобпараст инчунин дорои моддаҳои зараровар мебошад. Ба гуфтаи Сичева, донаи каду барои бадан безарартарин аст, онҳо дорои хосиятҳои табобатӣ мебошанд."Дар донаи каду миқдори зиёди магний мавҷуд аст, ки ба системаи асаб таъсири хуб мерасонад",-гуфт ғизошинос. Истифодаи чунин маҳсулот метавонад барои одамоне муфид бошад, ки аксари вақт фишори равониро эҳсос мекунанд.Пештар табиб ва блогнависи тиббӣ Филип Кузменко дар бораи чӣ гуна фаъол кардани "силоҳи махфӣ"-и масуният нақл карда буд.Ба гуфтаи ин мутахассис, барои беҳтар кардани саломатӣ бештар пиёда рафтан, нӯшидани какао, чойи асал, чой бо малина ё имбир, инчунин меваҳоро ба ғизои ҳаррӯза дохил кардан лозим аст.
https://sputnik.tj/20210902/inson-metavonad-oyanda-peshgui-1042019057.html
https://sputnik.tj/20210827/olimon-tavallud-farzand-zan-barmahal-pir-1041924369.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042680336_647:325:1920:1280_1920x0_80_0_0_7726f48614876f869ad8705ee54f5324.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғизои маъмул, қотили масунияти
ғизои маъмул, қотили масунияти
Маълум шуд, кадом ғизои маъмул "қотил"-и масунияти инсон аст
20:15 06.10.2021 (Навсозишуда: 19:20 07.10.2021) Аксари дӯстдорони ин ғизо аз хатарнокии он пай бехабаранд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Донаҳои офтобпараст ба масунияти инсон зарбаи сахт мезананд. Дар ин бора дар суҳбат бо радиои Sputnik ғизошинос Наталя Сичева иттилоъ додааст.
Сарфи назар аз миқдори зиёди витаминҳои A, E ва D, ки дар равған ҳалшавандаанд, донаи офтобпараст инчунин дорои моддаҳои зараровар мебошад.
"Аммо кислотаҳои омега-3 каманд. Вақте ки таносуби кислотаҳои равған вайрон мешавад, он метавонад ба системаи масуният ва равандҳои илтиҳобии бадан таъсир расонад",-таъкид кард ғизошинос.
Ба гуфтаи Сичева, донаи каду барои бадан безарартарин аст, онҳо дорои хосиятҳои табобатӣ мебошанд.
"Дар донаи каду миқдори зиёди магний мавҷуд аст, ки ба системаи асаб таъсири хуб мерасонад",-гуфт ғизошинос.
Истифодаи чунин маҳсулот метавонад барои одамоне муфид бошад, ки аксари вақт фишори равониро эҳсос мекунанд.
Пештар табиб ва блогнависи тиббӣ Филип Кузменко дар бораи чӣ гуна фаъол кардани "силоҳи махфӣ"-и масуният нақл карда буд.
Ба гуфтаи ин мутахассис, барои беҳтар кардани саломатӣ бештар пиёда рафтан, нӯшидани какао, чойи асал, чой бо малина ё имбир, инчунин меваҳоро ба ғизои ҳаррӯза дохил кардан лозим аст.