Мағзи сар метавонад бармаҳал пир шавад: пизишки рус роҳи пешгирияшро гуфт

© Sputnik / Сергей Кузнецов / Гузариш ба медиабонкРабота за компьютером. Архивное фото
Работа за компьютером. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар ҳар синну сол нисбати саломатии худ инсон бояд бодиққат бошад ва тарзи ҳаёти солимро пеш барад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Мағзи сари инсон метавонад то синни 30-солагӣ пир шавад, аммо роҳи пешгирӣ аз бармаҳал пир шудани мағзи сар мавҷуд аст ва Вячеслав Лебедев, равоншинос, мудири маркази "Нейрофитнес" роҳи асосиро нишон додааст.
Ин коршинос зимни як мусоҳиба бо радиои Sputnik изҳор доштааст, ки нишонаҳои нахустини пиршавии мағзи сар ин вайроншавии хотира аст.
Сонная девушка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Чӣ гуна мешавад аз хоб сер шуд : ду маслиҳати асабшинос барои хоби роҳат
"Аксар одамон аз бад шудани хотира шикоят мекунанд. Ин ҳолат метавонад на дар синни пирӣ, балки дар ҷавонӣ аз худ дарак диҳад. Ва инро нуқсони маърифатӣ меноманд", - тавзеҳ додааст Лебедев.
Дар идома пизишк қайд намудааст, ки роҳи бармаҳал пир шудани мағзи сарро метавон гирифт. Ба гуфтаи ӯ, омили асосии ҷилавгирӣ аз ин ҳолат ин пеш бурдани тарзи ҳаёти солим аст.

"Хоб, ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ се унсури асосии зарурӣ мебошанд. Агар яке аз онҳо набошад - яъне инсон хӯроки солим нахӯрад ё номунтазам хоб равед ё кам машқи ҷисмонӣ кунад, пас омилҳои дигар ҳам заиф хоҳанд шуд. Ин омилҳо ба гунаи се сутун ҳастанд, ки саломатии инсонро нигоҳ медоранд", - шарҳ додааст ӯ.

Ӯ мегӯяд, дар сурати кумак накардани ин се омил инсонро лозим аст, ки барои барқарор кардани хотира ва фаъол намудани мағзи сари худ ба пизишкон муроҷиат кунад.
Лентаи хабарҳо
0