Сафорати Русия дар Кобул: Карзай ва Абдуллоҳ миёни даъватшудаҳои нишасти Маскав нестанд

© Facebook/Абдулло АбдуллоАбдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар
Абдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Сафорати Русия дар Кобул эълом дошт, ки раисҷумҳури пешин ва раиси пешини Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон миёни даъватшудагон ба нишасти Маскав нестанд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Сафорати Русия дар Кобул шоми якшанбе хабарҳо дар бораи ширкати эҳтимолии президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай ва раиси собиқи Шӯрои олии оштии Афғонистон Абдулло Абдулло дар нишасти Маскав дар бораи мушкилоти Афғонистонро рад кард.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон, "маълумот дар бораи иштироки Ҳомид Карзай ва Абдулло Абдулло дар нишасти Маскав дуруст нест. Ҳарду дар рӯйхати меҳмонон нестанд", - навиштааст сафорат дар сафҳаи твиттерияш.
Ҳайати "Толибон"*-ро ноиби раиси ҳукумати он Абдусалом Ҳанафӣ роҳбарӣ хоҳад кард.
Президент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Путин: Барои ба расмият шинохтани "Толибон"* набояд шитоб кард
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти Маскав дар мавзӯи Афғонистон 20 октябр дар назар аст.
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, Маскав нияти пешниҳоди эродҳояш ба "Толибон"* ва баррасии роҳҳои ҳалли онро дорад.
Дипломат таъкид намуд, ки Маскав аз ин мулоқот натиҷаҳои куллиеро интизор надорад.
"Ин як раванди тӯлоние аст ва мо инро дарк мекунем. Ин ҷо масъалаи ҳуқуқи башар ва масоили гуманитарию роҳҳои ҳалли он дар миён гузошта хоҳанд шуд", - таъкид намуд Кобулов.
Феълан ИМА иштирокашро дар Маскав таъйид накардааст. "Толибон"* сафари намояндаҳояш ба Маскавро тасдиқ намуд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0