https://sputnik.tj/20211018/jahish-qurb-rubl-tojikiston-1042927430.html
Ҷаҳиши рекордии қурби рубл дар Тоҷикистон
Ҷаҳиши рекордии қурби рубл дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон ба сомонӣ ва дар умум нисбат ба тамоми асъори хориҷӣ дар ҳоли тақвиятёбист
2021-10-18T09:38+0500
2021-10-18T09:38+0500
2021-10-18T16:54+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1b63c9980e3d2881fc52434804529c4a.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1 рубл бо 1582 баробар аст.Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон беш аз 4 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби рубл имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.Тамоюли болоравии рубл дар тӯли ду ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳафтаи гузашта боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2895 сомонӣ медиҳанд. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад.Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон пас аз гароншавии якбора коҳиш ёфта, ҳоло барои 1 евро 13.0958 сомонӣ муқаррар шудаастДар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1585 -1600 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1570 то 0.1590 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1560 то 0,1590 сомонӣ нишон дода шудааст.
https://sputnik.tj/20211014/putin-dollar-ima-1042829755.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_dd819a7e26a1e69b7e3255148f50e495.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳиш қурби рубл тоҷикистон
ҷаҳиш қурби рубл тоҷикистон
Ҷаҳиши рекордии қурби рубл дар Тоҷикистон
09:38 18.10.2021 (Навсозишуда: 16:54 18.10.2021) Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон ба сомонӣ ва дар умум нисбат ба тамоми асъори хориҷӣ дар ҳоли тақвиятёбист
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1 рубл бо 1582 баробар аст.
Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон беш аз 4 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби рубл имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.
Тамоюли болоравии рубл дар тӯли ду ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳафтаи гузашта боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2895 сомонӣ медиҳанд. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон пас аз гароншавии якбора коҳиш ёфта, ҳоло барои 1 евро 13.0958 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1585 -1600 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1570 то 0.1590 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1560 то 0,1590 сомонӣ нишон дода шудааст.