https://sputnik.tj/20211018/hamsoyaho-afghoniston-tehron-jam-1042936221.html
Ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон ҷамъ меоянд
Ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон ҷамъ меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Мулоқот дар сатҳи роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ баргузор мешавад
2021-10-18T14:50+0500
2021-10-18T14:50+0500
2021-10-29T17:46+0500
сиёсат
афғонистон
эрон
гурӯҳи террористии "толибон"
нишаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101825/77/1018257797_0:107:2875:1724_1920x0_80_0_0_e9b463f730646cc8abd2fa731d2a4c7b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Эрон эълом кард, ки ин кишвар мизбони нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои баррасии таҳаввулот дар ин кишвар хоҳад шуд. Ин мулоқот 27 октябр ба сурати ҳузурӣ баргузор мешавад ва як рӯз идома хоҳад кард. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба пойтахти Эрон мераванд.Хатибзода, сухангӯи ВУХ Эрон афзуд, ки рӯзномаи асосӣ идомаи муколама хоҳад буд, ки дар марҳилаи аввал дар формати онлайн сурат гирифт.Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунин эълом кард, ки намояндаи ин кишвар дар нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ширкат хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки аввалин музокирот дар формати "кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон" дар шакли видеоӣ дар аввали моҳи сентябр баргузор шуда буд. Дар он намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Эрон ва Чин ширкат доштанд.
https://sputnik.tj/20211018/karzay-etirofi-tolibon-jahon-qonuniyati-milli-1042929612.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101825/77/1018257797_233:0:2674:1831_1920x0_80_0_0_e6964cb1e9ddfc629c50af8356bbb137.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамсояҳо афғонистон теҳрон ҷамъ
ҳамсояҳо афғонистон теҳрон ҷамъ
Ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон ҷамъ меоянд
14:50 18.10.2021 (Навсозишуда: 17:46 29.10.2021) Мулоқот дар сатҳи роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Эрон эълом кард, ки ин кишвар мизбони нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои баррасии таҳаввулот дар ин кишвар хоҳад шуд.
Ин мулоқот 27 октябр ба сурати ҳузурӣ баргузор мешавад ва як рӯз идома хоҳад кард.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба пойтахти Эрон мераванд.
Хатибзода, сухангӯи ВУХ Эрон афзуд, ки рӯзномаи асосӣ идомаи муколама хоҳад буд, ки дар марҳилаи аввал дар формати онлайн сурат гирифт.
"Шаш кишвар ба кумак дар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури ҳама гурӯҳҳои миллӣ тамаркуз хоҳанд кард", - гуфт намояндаи Вазорати хориҷаи Эрон.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунин эълом кард, ки намояндаи ин кишвар дар нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ширкат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки аввалин музокирот дар формати "кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон" дар шакли видеоӣ дар аввали моҳи сентябр баргузор шуда буд. Дар он намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Эрон ва Чин ширкат доштанд.