https://sputnik.tj/20211018/darguzashti-general-kolin-pauell-covid-19-1042954138.html
Даргузашти генерал Колин Пауэлл аз паёмадҳои COVID-19: Ӯ ваксина гирифта буд
Даргузашти генерал Колин Пауэлл аз паёмадҳои COVID-19: Ӯ ваксина гирифта буд
Sputnik Тоҷикистон
Колин Пауэлл, собиқ котиби давлатии ИМА бар асари паёмадҳои коронавирус даргузашт 18.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-18T21:00+0500
2021-10-18T21:00+0500
2024-10-24T16:41+0500
дар ҷаҳон
има
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/12/1042954111_0:0:2979:1677_1920x0_80_0_0_b992a2d1fb9cb4341a3ebe1204eb8c1c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Собиқ котиби давлатии Амрико, генерали мустаъфии артиши ин кишвар Колин Пауэлл дар синни 84 оламро падруд гуфт, хабар дода шуд дар саҳифааш дар "Facebook".Сабаби марг паёмадҳои коронавирус арзёбӣ шудааст. Дар иттилоияи нашргардида таъкид шудааст, ки ӯ пурра ваксина гирифта буд ва барои табибоне, ки дар табобаташ ширкат доштаанд, миннатдорӣ баён гардидааст. Вай яке аз дастандаркорони калидии воқеоти пеш аз вуруди нерӯҳои ИМА ба Ироқ дар соли 2003 мебошад. Ӯ он замон, 5 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ эълон кард, аз дасти аввал маълумоти муътамад гирифтааст, ки роҳбари вақти Ироқ Саддом Ҳусейн технологияи таҳияи силоҳи биологиро ба даст овардааст. Ба ҳайси делел ӯ шишаи ҳомили хокаи сафедеро намоиш дода, гуфт, дар он намунаи силоҳи қатли ом мебошад, ки дар Ироқ истеҳсол шудааст. Баъдан маълум гардидааст, ба ӯ Хадамоти марказии истихборотии ИМА маълумоти бардурӯғ додаасту зарфи шишагии намоишдодааш тақаллубӣ мебошад.
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/12/1042954111_248:0:2979:2048_1920x0_80_0_0_2faf1dc3effbd4547cc1e71f034663f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, има, даргузашт, коронавирус
дар ҷаҳон, има, даргузашт, коронавирус
Даргузашти генерал Колин Пауэлл аз паёмадҳои COVID-19: Ӯ ваксина гирифта буд
21:00 18.10.2021 (Навсозишуда: 16:41 24.10.2024) Колин Пауэлл, собиқ котиби давлатии ИМА бар асари паёмадҳои коронавирус даргузашт
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Собиқ котиби давлатии Амрико, генерали мустаъфии артиши ин кишвар Колин Пауэлл дар синни 84 оламро падруд гуфт, хабар дода шуд дар саҳифааш дар "
Facebook".
Сабаби марг паёмадҳои коронавирус арзёбӣ шудааст. Дар иттилоияи нашргардида таъкид шудааст, ки ӯ пурра ваксина гирифта буд ва барои табибоне, ки дар табобаташ ширкат доштаанд, миннатдорӣ баён гардидааст.
Вай яке аз дастандаркорони калидии воқеоти пеш аз вуруди нерӯҳои ИМА ба Ироқ дар соли 2003 мебошад. Ӯ он замон, 5 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ эълон кард, аз дасти аввал маълумоти муътамад гирифтааст, ки роҳбари вақти Ироқ Саддом Ҳусейн технологияи таҳияи силоҳи биологиро ба даст овардааст. Ба ҳайси делел ӯ шишаи ҳомили хокаи сафедеро намоиш дода, гуфт, дар он намунаи силоҳи қатли ом мебошад, ки дар Ироқ истеҳсол шудааст.
Баъдан маълум гардидааст, ба ӯ Хадамоти марказии истихборотии ИМА маълумоти бардурӯғ додаасту зарфи шишагии намоишдодааш тақаллубӣ мебошад.