Теҳрон иттиҳомоти Алиев алайҳи Эрону Арманистонро бепоя хонд

© МИД ИранаОфициальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде
Официальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Обуна шудан
Иддаои Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, ки гӯиё Эрону Арманистон қаламрави Қарабоғи куҳиро барои интиқоли маводи мухаддир ба Аврупо истифода мекардаанд, бепояанд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Саид Хатибзода, намояндаи Вазорати умури хориҷии Эрон, иддаои Илҳом Алиевро дар мавриди қочоқи маводи мухаддир ба Аврупо пуч хонд, навиштааст хабаргузории IRNA.
Ахиран раисҷумҳури Озарбйҷон, зимни ҳамоиши онлайнии сарони кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт, ки Эрону Арманистон тайи 30 сол қаламрави Қарабоғи куҳиро барои қочоқи маводи мухаддир ба Аврупо истифода мебурданд. Ӯ ба ҳайси далел ин оморро овардааст, ки гӯиё баъди зери назорат гирифтани қисматҳои марзӣ бо Эрон, талошҳои қочоқи маводи мухаддир дар дигар қисматҳои сарҳад ду баробар афзоиш ёфтаанд.
Иранский военнослужащий, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Эрону Туркия омодагии худ ба ҷангро ба намоиш мегузоранд: ин чӣ рабте ба Озарбойҷон дорад?
Хатибзода чунин изҳороти роҳбари Озарбойҷонро хилофи муносибатҳои бародарии Теҳрону Боку хонда, онҳоро ба нафъи Исроил донист.
Ӯ афзуд, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки дар Озарбойҷон қасдан ба иқдому изҳороте даст мезананд, ки ногузир вокуниши Эронро ба вуҷуд меоранд.
Намояндаи ВУХ Эрон изҳор доштааст, ки мақомоти кишвараш бо маводи мухаддир муборизаи беамон бурда, дар ин роҳ фарзандони зиёди ин кишвар шаҳид шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир муносиботи Теҳрону Боку майли сардӣ дошта, низомиёни Эрон дар марз бо Озарбойҷон размоиши густурдаро роҳандозӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0