Эрону Туркия омодагии худ ба ҷангро ба намоиш мегузоранд: ин чӣ рабте ба Озарбойҷон дорад?

© REUTERS \ WANA NEWS AGENCYИранский военнослужащий, архивное фото
Иранский военнослужащий, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Рақобати геополитикии Эрону Туркия кишварҳои Қафқози Ҷанубиро ноором мекунад ва онҳоро ба муқовимати низомии мухолиф ба манфиатҳову амниятии миллии ин кишварҳо ҷалб мекунад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.Эҳтимоли матраҳ шудани таҳдиду низоъҳо ба кишварҳои сарватманд аз карбогидридҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.
Дар сарҳад бо Нахчивони Озарбойҷон аз 1 октябр машқҳои густурдаи нерӯҳои хушкигарди Эрон, "Фотеҳони Хайбар" бо ҷалби чаҳор дивизия, як бригадаи ҳавоӣ, мошинҳои зиреҳпӯш, тӯпхона ва ҳавопаймоҳои зарбазан, системаҳои падофанди ҳавоии "Хурдод-3" оғоз шуданд. Бори аввал дар тӯли 30 сол чунин машқҳои густарда дар Эрон ба манзури нишон додани нерӯ ба Боку баргузор мешаванд.
Озарбойҷон дар ҷиҳати қудрати низомӣ дар ҷойгоҳи поинтар аз Эрон қарор дорад, аммо дар ин ҷо стратегияи туркии "ду давлат - як миллат" матраҳ аст. Боку ва Анкара аз 5 октябр дар қаламрави Озарбойҷон, дар наздикии марзҳои Эрон машқҳои муштараки "мутақобил"-ро анҷом медиҳанд. Туркия гурӯҳи марзбононро дар қаламрави худ тақвият дод; дар наздикии минтақаи тамринҳо бесарнишинҳои иктишофӣ ҳамеша дар ҳаво "овезон"-анд, ки қодиранд, 20-километрии марзи кишвари ҳамсояро назорат кунанд.
Солдат Государственной пограничной службы, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Тирпарронӣ дар марзи Озарбойҷону Эрон ва боздошти марзшиканон - акс
Дар назари аввал сабаби шиддат ёфтани муносибатҳои Боку ва Теҳрон маҳдудияти убури мошинҳои боркаши эронӣ бо маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Қарабоғ ба Степанакерт/Хонкенди ва Арманистон буд.
9 сентябр як пости пулиси Озарбойҷон дар қисмати марзии роҳи байни шаҳрҳои Горис ва Капани Арманистон пайдо шуд, ки дар он ҷо аз ҳар як ронандаи эронӣ аз 100 то 260 доллар андози роҳ талаб карда мешавад. Боку системаи қаблан таъсисёфтаи интиқоли сӯзишвории Эрон ба Қарабоғи Кӯҳиро ғайриқонунӣ мешуморад. Бо вуҷуди ин мушкилот амиқтар мешавад.
Эрон аз афзоиши фаъолиятҳои (нуфуз)-и Туркия ва Исроил дар Қафқози Ҷанубӣ, аз "бародарӣ" -и Боку бо Анкара хеле нигарон аст. Илова бар силсилаи машқҳои муштараки сарбозони Озарбойҷон ва Туркия дар минтақаи Хазар, ки ҳамсоягии некро хадшадор менамояд, Эрон ҳамкориҳои низомии Озарбойҷон бо Исроилро ба амнияти миллии худ таҳдид ва онҳоро ғайри қобили қабул медонад.
Қазияи мошинҳои боркаш ва нафткаш “қатраи охирин”-е дар робита ба ташдиди бесобиқаи вазъ дар марзи Озарбойҷону Эрон шуданд. Арманистон ва Гурҷистон низ дар ин минтақаи пурталотум қарор доранд.

Агар пиёдаравӣ фардост

Эҳтимоли ҷанги Эрону Туркия вуҷуд дорад. Даҳҳо ҳазор низомиён дар машқҳои васеи Эрон дар наздикии марз бо Нахичевон, як лашкари Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, як лашкари зиреҳпӯш, ду лашкари пиёда ва як бригадаи махсуси ҳавоӣ иштирок мекунанд.
Нерӯҳои хушкигард амалиёти ҳуҷумӣ анҷом медиҳанд. Танкҳо, тӯпхона, системаҳои сершумори мушакандоз, ҳавопаймоҳои зарбазан, инчунин системаҳои мушакии “Фатҳ-313” ва “Зулфиқор” бо радиуси 700 км дар ин размоиш иштирок доранд. Эрон метавонад то 1000 мушаки баллистикӣ ва болдор партоб кунад.
Ҷавоби Боку ва Анкара машқҳои муштараки Озарбойҷон ва Туркия зери унвони "Бародарии тахрибнопазир-2021" дар Нахичевон дар 5-8 октябр баргузор шуд. Нерӯҳои вижа ва дигар воҳидҳо ба он ҷалб шуда, зери ҳимояти ҳавопаймо ва чархболҳои зарбазан иқдомоти мавриди назар анҷом медиҳанд.
Президент Ирана Эбрагим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Сипоси Раисӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ: Ӯ гуфт, дар кораш ба чӣ авлавият медиҳад
Албатта, чунин "муколама" бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва ба лоиҳаи Русия дар робита ба бозкушоии мусолиматомези иртиботот дар Қафқози Ҷанубӣ латма ворид мекунад.
Дар зимни машқҳои “Фотеҳони Хайбар” ва “Бародарии тахрибнопазир” ҳама гуна иғвоангезӣ дар сарҳад метавонад ба як муноқишаи ҷиддии низомӣ мунҷар шавад.
Туркияи "бародарона" (эҳтимолан Исроил ва Покистон низ) ҷониби Озарбойҷонро хоҳанд гирифт, аммо дар чунин бозиҳо бештар аз ҳама Боку зиён мебинад, зеро Теҳрон метавонад бо ҳазорон мушак тамоми зерсохтҳои нафту гази Озарбойҷонро дар баҳри Хазар хароб кунад, бесарнишинҳо метавонанд фурудгоҳҳои Озарбойҷонро дар муҳосира қарор бидиҳанд. Дар чунин ҳол ҷанг дар як рӯз хотима меёбад.
Озарбойҷон рӯҳияи ҷангӣ нишон медиҳад ва нақша дорад, ки системаи дифои мушакии дурпарвози исроилии "Hetz-3”-ро ба даст орад, ки субот дар минтақаро тақвият намекунад.

Вобастагии ногузир

5 октябр вазири мудофиаи Туркия Ҳулуси Акар дар Телавив бо ҳамтоёни озарӣ ва гурҷии худ Зокир Ҳасанов ва Ҷуаншер Бурҷуладзе музокирот анҷом дод.
Зимни табодули афкор Ҳулуси Акар таъкид кард, ки Туркия минбаъд низ дар канори бародарони озарбойҷонии худ истода, ба принсипи "ду давлат - як миллат" пойбанд хоҳад монд ва лоиҳаи “Бригадаи бародарона” бо мақсади таъмини ҳамоҳангии қӯшунҳои Туркия ва Озарбойҷон, беҳтар намудани банақшагирии омӯзиш ва идоракунӣ оғоз шуд.
Гузашта аз ин Ҳулуси Акар ва Ҷуаншер Бурҷуладзе изҳор доштанд, ки Туркия ва Гурҷистон шарикони стратегӣ бо рушди ҳамкориҳо дар соҳаи омӯзиши низомӣ ва саноати дифоӣ мебошанд.
Илова бар ин Акар ба аҳамияти ҷойгиршавии ҷуғрофии се кишвар таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки онҳо "аз ҷиҳати истифода ва интиқоли захираҳои энержӣ, ба монанди нафту гази табиӣ ба дигар кишварҳо, қисматҳои дигари ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ доранд".
Ҳамин тариқ "бародарии ҷангӣ" дар Қафқози Ҷанубӣ заминаи ҷиддии иқтисодӣ дорад, аммо ҷараёни қудратманди карбогидридҳо нақши вобастаи артиши Озарбойҷон (ё Гурҷистон) бо чашмандози ҷалби Боку (ё Тбилиси) ба муноқишаи низомӣ байни Туркия ва Эронро истисно намекунад.
Военные учения ШОС Мирная миссия-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
“Миссияи сулҳ” бар зидди ҷангҷӯён: СҲШ барои дифоъ аз Тоҷикистон омода мешавад
Пеш аз ҳама Туркия пешоҳанги НАТО дар Қафқози Ҷанубӣ аст ва ин маънои ногузирии низомию нооромиро дорад. Ҳамчунин Озарбойҷон ва Туркия ният доранд, ки Нахчивонро бо қисми асосии Озарбойҷон тавассути долони Зангезур пайваст кунанд, ки транзити коло аз Туркия ба Қафқоз ва Осиёи Марказӣ (тавассути баҳри Хазар)-ро таъмин мекунад. Лоиҳаи Турони Бузургро метавон бо тарзҳои гуногун арзёбӣ кард, аммо Теҳрон таҳкими мавқеъҳои низомию сиёсии Анкара (ИМА ва НАТО) дар Қафқози Ҷанубиро дӯст намедорад.
Нуфузи афзояндаи давлати Исроил дар минтақа барои Эрон қобили қабул нест. Тибқи маълумоти SIPRI, тақрибан 60%-и воридоти аслиҳаи Озарбойҷон аз Исроил (дувумин воридкунандаи нафти Озарбойҷон) аст. Теҳрон бар ин бовар аст, ки Боку ҳамкории низомӣ бо Исроилро рушд медиҳад.
Раҳбари Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ Ҳусейни Пурисмоил пештар гуфта буд: "Чунин ҳамкории Озарбойҷону Исроил ба манфиати Боку нест ва ба мавҷудияти он таҳдид мекунад". На бештар, на камтар: пайдост, ки муносибатҳои Эрону Озарбойҷон ба таври ҷиддӣ хароб шудаанд ва вазъи инфиҷорӣ дар минтақа барои муддати тӯлонӣ боқӣ хоҳад монд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0