https://sputnik.tj/20211017/narkh-mavod-sukht-tojikiston-garon-1042917309.html
Нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон гарон мешавад
Нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон гарон мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, дар Тоҷикистон арзиши маводи сӯзишворӣ боз гарон шавад, аммо камчин шудани он пешгӯӣ намешавад
2021-10-17T10:30+0500
2021-10-17T10:30+0500
2021-10-18T13:24+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нарх
сӯзишворӣ
бензин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2cabe493ca2e1c9017a8b5ed1fbbdc12.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон эҳтимол нархи бензин дар охири моҳи октябр ва авоили моҳи ноябр боло равад.Дар ин бора намояндаи ширкати "Газпромнефт - Тоҷикистон" ба агентии "Ховар" иттилоъ додааст.Ба гуфтаи ӯ, ин ба далели болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва чанд давлати дигар сурат хоҳад гирифт. Буҳрони энержӣ дар Аврупо ба интиқоли бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон таъсир нарасонд. Ба гуфтаи як манбаъ дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар истгоҳҳо камбуди сӯзишворӣ вуҷуд надорад. Дар баробари ин коҳиши нархи чаканаи гази моеъ ва болоравии нархи чаканаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ мушоҳида мешавад.Гуфта мешавад, мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ назорати бозори маҳсулоти нафтиро идома медиҳанд ва дар сурати беасос боло рафтани нарх чораҳо меандешанд. Ба эҳтимоли зиёд камбуди сӯзишворӣ ба Тоҷикистон таҳдид намекунад. Охири моҳи сентябр намояндагони ҷумҳурӣ бо кормандони ширкати "Ӯзбекнефтегаз" таъмини маводи сӯхтро баррасӣ карданд. Ин созмон аз вуҷуди имкони интиқоли то 50-55 ҳазор тонна гази моеъ дар як сол ба Тоҷикистон хабар дод.
https://sputnik.tj/20211008/sughd-qimmat-benzin-suzishvorii-dizeli-baland--1042716084.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_685718bc7667793a12092086734dbd36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон бензин нарх
Нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон гарон мешавад
10:30 17.10.2021 (Навсозишуда: 13:24 18.10.2021) Интизор меравад, дар Тоҷикистон арзиши сӯзишворӣ боз гарон шавад, аммо камчин шудани он пешгӯӣ намешавад
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон эҳтимол нархи бензин дар охири моҳи октябр ва авоили моҳи ноябр боло равад.
Дар ин бора намояндаи ширкати "Газпромнефт - Тоҷикистон" ба агентии "Ховар" иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ба далели болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва чанд давлати дигар сурат хоҳад гирифт.
"Арзиши як литр бензини АИ-95 метавонад ба 11,10 сомонӣ (0,98 доллар), АИ-92-10,90 сомонӣ (0,96 доллар) ва сӯзишвории дизелӣ 10,50 сомонӣ (0,93 доллар) расад", - гуфт намояндаи ширкати "Газпромнефт".
Буҳрони энержӣ дар Аврупо ба интиқоли бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон таъсир нарасонд. Ба гуфтаи як манбаъ дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар истгоҳҳо камбуди сӯзишворӣ вуҷуд надорад.
Дар баробари ин коҳиши нархи чаканаи гази моеъ ва болоравии нархи чаканаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ мушоҳида мешавад.
Гуфта мешавад, мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ назорати бозори маҳсулоти нафтиро идома медиҳанд ва дар сурати беасос боло рафтани нарх чораҳо меандешанд. Ба эҳтимоли зиёд камбуди сӯзишворӣ ба Тоҷикистон таҳдид намекунад.
Охири моҳи сентябр намояндагони ҷумҳурӣ бо кормандони ширкати "Ӯзбекнефтегаз" таъмини маводи сӯхтро баррасӣ карданд. Ин созмон аз вуҷуди имкони интиқоли то 50-55 ҳазор тонна гази моеъ дар як сол ба Тоҷикистон хабар дод.