https://sputnik.tj/20211016/vada-tolibon-boz-maktab-afghoniston--1042915346.html
Ваъдаи "Толибон"* барои боз кардани мактабҳои духтарон дар Афғонистон
Ваъдаи "Толибон"* барои боз кардани мактабҳои духтарон дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
ЮНИСЕФ аз қавли як мақоми "Толибон"* гуфтааст, ин гурӯҳ ваъда додааст, ки ба зудӣ мактабҳои духтаронро дар Афғонистон боз мекунад 16.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-16T21:10+0500
2021-10-16T21:10+0500
2021-10-18T13:02+0500
маориф
смм
мактаб
юнисеф
ваъда
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/01/1028690136_0:85:3077:1816_1920x0_80_0_0_573db76e998cc87102d01fb4af610369.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ду моҳ пас аз баста шудани мактабҳои духтарон аз сӯйи "Толибон"*, як мақомдори СММ гуфтааст, ки ин гурӯҳ ваъда додааст, ки ба зудӣ мактабҳои духтаронро боз хоҳанд кард. Муовини ЮНИСЕФ Умар Абдӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аллакай мактабҳои духтарона дар Балх, Ҷузҷон, Самангон, Кундуз ва Урузгон боз шудаанд. Абдӣ, ки ҳафтаи гузашта аз Кобул дидан карда буд, таъкид кард, иҷрокунандаи сарпарасти Вазорати таҳсилоти муваққатии "Толибон"* ба ӯ итминон додааст, ки ин гурӯҳ бо тартиби нави ифтитоҳи мактабҳои духтарон корбарӣ мекунад ва мактабҳо дар давоми як -ду моҳи оянда боз мешаванд. Қаблан "Толибон"* эълом карда буд, ки барои боз кардани мактабҳои духтарона дар Афғонистон кор мекунанд. Дар робита ба ин Билол Каримӣ, муовини сухангӯи "Толибон"* изҳори умедворӣ кард, ки ба зудӣ дастурҳои боз кардани мактабҳои духтарон таҳия мешавад. "Мо кӯшиш мекунем дастурҳоро иҷро кунем, то духтарон таҳсили худро дар муҳити бехатар идома диҳанд", - гуфт ӯ. Каримӣ дар бораи вақт ва ҷузъиёти ин дастур шарҳ надод. Аксари мактабҳо дар пойтахти Афғонистон аз замони ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар моҳи гузашта баста шуданд. Мактабҳои миёнаи писарон дар ҳафтаҳои ахир боз шуда буданд, аммо духтарон аз иштирок дар он манъ карда шуданд. Ин иқдоми "Толибон"* вокунишҳои густардаеро ба бор овардааст. Дар робита ба ин президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай гуфта буд, ки духтарони афғонистонӣ бояд ҳарчи зудтар ба мактаб баргарданд. Карзай таъкид карда буд, ки Афғонистон бидуни занони маълумотдор кишвари пешрафта нахоҳад буд.* - созмони террористии мамнуъ дар Русия, Тоҷикистон ва баъзе аз кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210914/qonun-tolibon-donishgoh-hushdor-dukhtaron-1042249372.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/01/1028690136_348:0:3077:2047_1920x0_80_0_0_75569793cd0089a170cdd656e495e37d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, смм, мактаб, юнисеф, ваъда, гурӯҳи террористии "толибон"
маориф, смм, мактаб, юнисеф, ваъда, гурӯҳи террористии "толибон"
Ваъдаи "Толибон"* барои боз кардани мактабҳои духтарон дар Афғонистон
21:10 16.10.2021 (Навсозишуда: 13:02 18.10.2021) ЮНИСЕФ аз қавли як мақоми "Толибон"* гуфтааст, ин гурӯҳ ваъда додааст, ки ба зудӣ мактабҳои духтаронро дар Афғонистон боз мекунад
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ду моҳ пас аз баста шудани мактабҳои духтарон аз сӯйи "Толибон"*, як мақомдори СММ гуфтааст, ки ин гурӯҳ ваъда додааст, ки ба зудӣ мактабҳои духтаронро боз хоҳанд кард.
Муовини ЮНИСЕФ Умар Абдӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аллакай мактабҳои духтарона дар Балх, Ҷузҷон, Самангон, Кундуз ва Урузгон боз шудаанд.
Абдӣ, ки ҳафтаи гузашта аз Кобул дидан карда буд, таъкид кард, иҷрокунандаи сарпарасти Вазорати таҳсилоти муваққатии "Толибон"* ба ӯ итминон додааст, ки ин гурӯҳ бо тартиби нави ифтитоҳи мактабҳои духтарон корбарӣ мекунад ва мактабҳо дар давоми як -ду моҳи оянда боз мешаванд.
Пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* миллионҳо донишҷӯдухтар аз таҳсил маҳрум шуд", - афзудааст ӯ.
Қаблан "Толибон"* эълом карда буд, ки барои боз кардани мактабҳои духтарона дар Афғонистон кор мекунанд.
Дар робита ба ин Билол Каримӣ, муовини сухангӯи "Толибон"* изҳори умедворӣ кард, ки ба зудӣ дастурҳои боз кардани мактабҳои духтарон таҳия мешавад.
"Мо кӯшиш мекунем дастурҳоро иҷро кунем, то духтарон таҳсили худро дар муҳити бехатар идома диҳанд", - гуфт ӯ.
Каримӣ дар бораи вақт ва ҷузъиёти ин дастур шарҳ надод.
Аксари мактабҳо дар пойтахти Афғонистон аз замони ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар моҳи гузашта баста шуданд.
Мактабҳои миёнаи писарон дар ҳафтаҳои ахир боз шуда буданд, аммо духтарон аз иштирок дар он манъ карда шуданд.
Ин иқдоми "Толибон"* вокунишҳои густардаеро ба бор овардааст. Дар робита ба ин президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай гуфта буд, ки духтарони афғонистонӣ бояд ҳарчи зудтар ба мактаб баргарданд.
Карзай таъкид карда буд, ки Афғонистон бидуни занони маълумотдор кишвари пешрафта нахоҳад буд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия, Тоҷикистон ва баъзе аз кишварҳои дигар