https://sputnik.tj/20210914/qonun-tolibon-donishgoh-hushdor-dukhtaron-1042249372.html
Қонуни нави "Толибон"* дар донишгоҳҳо ва ҳушдор ба духтарону писарон
Қонуни нави "Толибон"* дар донишгоҳҳо ва ҳушдор ба духтарону писарон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маорифи Толибон* гуфтааст, ки занону мардон дар саҳни донишгоҳҳо бояд аз ҳам ҷудо бигарданд
2021-09-14T14:30+0500
2021-09-14T14:30+0500
2021-09-14T18:13+0500
афғонистон
маориф
донишгоҳ
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042101628_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_09d08700a6c9752364f6cbe8e3189605.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазорати маорифи "Толибон"* нақшаи наверо барои синфҳои занона ва мардона таҳия карда гуфтааст, ки синфҳои донишгоҳ бояд байни духтарон ва писарон бо шишаи махсус ҷудо карда шаванд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо истинод ба Муҷоҳид Андаробӣ.Дар моддаи 7-и "Низомномаи таҳсилоти олӣ"-и "Толибон"* барои донишгоҳҳо омадааст, ки мардону занон бояд дар саҳни донишгоҳ аз ҳам дур бошанд. Гуфта мешавад, ҳангоме ки духтар ва писар дар ҳоли суҳбат паҳлу ба паҳлу дида шаванд, мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, дар сурати исботи робитаи номашруъ ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд.Қаблан раҳбари ин вазорат Шайх Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ гуфта буд, ки баҳс дар бораи низоми таълими омехта дар донишгоҳҳои кишвар ба охир расидааст ва ӯ дар бораи азсаргирии низоми маориф бо чанд тағйироти ҷиддӣ дар доираи шариати исломӣ сухан меронд.Ӯ ба хабарнигорон гуфт: "Ҳар гуна амале, ки хилофи шариати ислом аст, нест карда мешавад".Донишҷӯён дар саросари Афғонистон барои бори аввал пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* ба донишгоҳ баргаштанд, аммо донишҷӯёни духтару писар бо гузоштани парда ё тахта аз ҳам ҷудо дарс мехонанд. Ҳамчунин занон бояд панҷ дақиқа пештар дарсро тарк кунанд, то ҳангоми тарк кардани донишгоҳ бо мардон мулоқот накунанд."Толибон"* дар давраи ҳукмронии қаблии худ, аз соли 1996 то 2001 ба мактаб рафтани духтарон ва ворид шудани занонро ба донишгоҳ ва ҷои кор манъ карда буданд.* - созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210907/tahsilot-zanu-mard-donishgohho-afghoniston-1042105558.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042101628_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_aff6951bd2e2c5b0ce9f492604b87755.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қонун, толибон*, донишгоҳ, ҳушдор, духтарон, писарон
қонун, толибон*, донишгоҳ, ҳушдор, духтарон, писарон
Қонуни нави "Толибон"* дар донишгоҳҳо ва ҳушдор ба духтарону писарон
14:30 14.09.2021 (Навсозишуда: 18:13 14.09.2021) Вазорати маорифи "Толибон"* гуфтааст, ки занону мардон дар саҳни донишгоҳҳо бояд аз ҳам ҷудо рафтуомад кунанд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазорати маорифи "Толибон"* нақшаи наверо барои синфҳои занона ва мардона таҳия карда гуфтааст, ки синфҳои донишгоҳ бояд байни духтарон ва писарон бо шишаи махсус ҷудо карда шаванд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо истинод ба Муҷоҳид Андаробӣ.
Дар моддаи 7-и "Низомномаи таҳсилоти олӣ"-и "Толибон"* барои донишгоҳҳо омадааст, ки мардону занон бояд дар саҳни донишгоҳ аз ҳам дур бошанд.
Гуфта мешавад, ҳангоме ки духтар ва писар дар ҳоли суҳбат паҳлу ба паҳлу дида шаванд, мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, дар сурати исботи робитаи номашруъ ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд.
Қаблан раҳбари ин вазорат Шайх Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ гуфта буд, ки баҳс дар бораи низоми таълими омехта дар донишгоҳҳои кишвар ба охир расидааст ва ӯ дар бораи азсаргирии низоми маориф бо чанд тағйироти ҷиддӣ дар доираи шариати исломӣ сухан меронд.
Ӯ ба хабарнигорон гуфт: "Ҳар гуна амале, ки хилофи шариати ислом аст, нест карда мешавад".
Донишҷӯён дар саросари Афғонистон барои бори аввал пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* ба донишгоҳ баргаштанд, аммо донишҷӯёни духтару писар бо гузоштани парда ё тахта аз ҳам ҷудо дарс мехонанд. Ҳамчунин занон бояд панҷ дақиқа пештар дарсро тарк кунанд, то ҳангоми тарк кардани донишгоҳ бо мардон мулоқот накунанд.
"Толибон"* дар давраи ҳукмронии қаблии худ, аз соли 1996 то 2001 ба мактаб рафтани духтарон ва ворид шудани занонро ба донишгоҳ ва ҷои кор манъ карда буданд.
* - созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст