https://sputnik.tj/20211016/uzbekiston-hamlai-masjid-qandahor--mahkum-1042910256.html
Ӯзбекистон ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Қандаҳорро қатъиян маҳкум кард
Ӯзбекистон ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Қандаҳорро қатъиян маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Боз як амали террористӣ дар Афғонистон рух дод. Тибқи маълумоти охирин, 63 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 80 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
2021-10-16T16:35+0500
2021-10-16T16:35+0500
2021-10-18T12:11+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
ӯзбекистон
маҳкум
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038568641_0:293:3121:2048_1920x0_80_0_0_6d47ee96585c06ef0f52bc370e1c65de.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ӯзбекистон ҳамлаи террористиро, ки як рӯз пеш дар яке аз масоҷиди шиаҳои вилояти Қандаҳор рух дод, бо қатъият маҳкум кард. Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз талошҳои мақомоти Афғонистон, ки ба татбиқи чораҳои иловагӣ - иқдомоте дар ҷиҳати пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо марбутанд, пуштибонӣ кардааст. Ҳукумати Ӯзбекистон ба аҳли оила ва наздикони қурбониён ҳамдардии самимӣ баён мекунад ва ҳамчунин ба қурбониён шифои оҷил мехоҳад, омадааст дар хабар.Таркиши муҳиб як рӯз пеш дар як масҷиди шиаҳо дар вилояти Қандаҳори Афғонистон рух дод. Ба гуфти манобеи маҳаллӣ, ин ҳамла аз сӯйи се маргталаб анҷом шудааст ва як нафари дигар дар наздикии бинои як муассисаи динӣ оташ кушодааст. Теъдоди қурбониёни фоҷиа ба 63 нафар расид ва дастикам 83 нафар маҷруҳ шуд. Бино ба гузоришҳои расонаҳо, гурӯҳи ДИИШ* масъулияти таркишро бар дӯш гирифтааст. Ҳафтае пеш дар шимоли Афғонистон, дар Кундуз ҳангоми намози ҷумъа масҷиде тарконда шуд. Дар пайи он инфиҷори мудҳиш 120 кас ҳалок ва беш аз 150 тан захмӣ шуданд.Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.Тошканд ва "Толибон"* дар Тирмиз сохтмони хатти барқ ва роҳи оҳанро баррасӣ мекунандҲамзамон ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро надоранд.Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ кард.* - созмони террористии дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе аз кишварҳои дигари ҷаҳон мамнуъ
https://sputnik.tj/20211015/tarkish-masjid-qandahor-1042890486.html
https://sputnik.tj/20211008/dahshati-noguftani-infijori-masjidi-qunduz-1042729670.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038568641_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8801bb7747d78ec963af56b7c4071199.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, ҳамлаи террористӣ, масҷиди қандаҳор
ӯзбекистон, ҳамлаи террористӣ, масҷиди қандаҳор
Ӯзбекистон ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Қандаҳорро қатъиян маҳкум кард
16:35 16.10.2021 (Навсозишуда: 12:11 18.10.2021) Тибқи маълумоти охир, дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Қандаҳор 63 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 80 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ӯзбекистон ҳамлаи террористиро, ки як рӯз пеш дар яке аз масоҷиди шиаҳои вилояти Қандаҳор рух дод, бо қатъият маҳкум кард.
"Чунин ҳамлаҳои ғайриинсонӣ боиси авҷ гирифтани танишҳо мешаванд ва ба истиқрори сулҳи дарозмуддат дар Афғонистон халал мерасонанд",-омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз талошҳои мақомоти Афғонистон, ки ба татбиқи чораҳои иловагӣ - иқдомоте дар ҷиҳати пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо марбутанд, пуштибонӣ кардааст.
Ҳукумати Ӯзбекистон ба аҳли оила ва наздикони қурбониён ҳамдардии самимӣ баён мекунад ва ҳамчунин ба қурбониён шифои оҷил мехоҳад, омадааст дар хабар.
Таркиши муҳиб як рӯз пеш дар як масҷиди шиаҳо дар вилояти Қандаҳори Афғонистон рух дод.
Ба гуфти манобеи маҳаллӣ, ин ҳамла аз сӯйи се маргталаб анҷом шудааст ва як нафари дигар дар наздикии бинои як муассисаи динӣ оташ кушодааст.
Теъдоди қурбониёни фоҷиа ба 63 нафар расид ва дастикам 83 нафар маҷруҳ шуд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳо, гурӯҳи ДИИШ* масъулияти таркишро бар дӯш гирифтааст.
Ҳафтае пеш дар шимоли Афғонистон, дар Кундуз ҳангоми намози ҷумъа масҷиде тарконда шуд. Дар пайи он инфиҷори мудҳиш 120 кас ҳалок ва беш аз 150 тан захмӣ шуданд.
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Ҳамзамон ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро надоранд.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ кард.
* - созмони террористии дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе аз кишварҳои дигари ҷаҳон мамнуъ