Сипоси "Толибон"* ба Ӯзбекистон: Комилов дар Кобул чӣ ваъда дод

© И.о официального представителя МИД Афганистана / TwitterВстреча делегации МИД Узбекистана с и.о. главы МИД Афганистана Амир-Ханом Муттаки
Встреча делегации МИД Узбекистана с и.о. главы МИД Афганистана Амир-Ханом Муттаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Ӯзбекистон бо сарпарасти Вазорати умури хориҷии ҳукумати "Толибон"* дар Афғонистон Амирхон Муттақӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Амирхон Муттақӣ аз Абдулазиз Комилов дар Кобул истиқбол гирифта, ӯро итминон додааст, ки вазъ дар кишвар ба эътидол омадааст.
Сарпарасти Вазорати умури хориҷии "Толибон"* таъкид намудааст, ки дар пасманзари таҳаввулоти охир ифтихор дорад, ки ҳайати Ӯзбекистонро дар як фазои амн дар Афғонистон истиқбол мегирад.
Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии ҳукумати "Толибон"* дар саҳифааш дар "Твиттер" хабар дод, Комилов дар мулоқот изҳор доштааст, ки аз кӯчаҳои тоза, корҳои анҷомдода дар шаҳр ва фазои амн дар кишвар хушнуд мебошад.
Комилов афзудааст, ки Ӯзбекистон ҳамеша ба манофеи тарафайн тамаркуз кардааст.
Ба навиштаи Балхӣ, Абдулазиз Комилов изори умедворӣ кардааст, ки Афғонистон мақоми устуворе дар ҷомеаи ҷаҳониро касб хоҳад намуд. Ӯ илова намудааст, ки Ӯзбекистон ба тааҳҳудоташ дар бахши нақлиёт, энержӣ ва тиҷорат пойбанд хоҳад монд.
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Кобулов: "Толибон"* дар нишасти Маскав иштирок хоҳад кард
Муттақӣ ба ҷониби Ӯзбекистон барои густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла барқарорсозии фурудгоҳи Мазори Шариф ва дигар кумакҳо изори сипос кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури қаблии Афғонистон тарки ин кишвар кард.
Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшонро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд ва мавриди таҳримҳои СММ қарор гирифтаанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки мубориза барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0