https://sputnik.tj/20211015/kumak-bashardustona-smm-afghoniston-1042889876.html
Кумаки башардӯстонаи СММ барои Афғонистон ба Ӯзбекистон расид
Кумаки башардӯстонаи СММ барои Афғонистон ба Ӯзбекистон расид
Sputnik Тоҷикистон
Кумаки башардӯстона тариқи гузаргоҳи марзии "тирмиз - Ҳайратон" ба Мазори Шариф фиристода мешавад
2021-10-15T15:00+0500
2021-10-15T15:00+0500
2021-10-15T18:38+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
иҷтимоъ
афғонистон
ӯзбекистон
кӯмаки башардӯстона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042883043_228:0:1170:530_1920x0_80_0_0_0900a01245a60a0125388b97a07b1c2e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ҳавопаймое, ки бо кумаки башардӯстона аз Дафтари паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) барои Афғонистон парвоз кардааст, рӯзи ҷумъа ба шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон расид, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба як корманди фурудгоҳи Тирмиз. Кумак молҳои ниёзи аввал барои мардуми Афғонистонро дар бар мегирад.Ҳамин тавр борҳо бо мошинҳои боркаш, тавассути гузаргоҳи марзии Тирмиз-Ҳайратон ба Мазори Шарифи Афғонистон интиқол дода мешавад. Дар маҷмуъ СММ тасмим гирифтааст, ки тавассути фурудгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон ба Афғонистон се ҳавопаймо кумаки башардӯстона фиристад.Қаблан раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон эълон кард, ки ба инзивои байналмилалии Афғонистон ва такрори сенарияи охири солҳои 90-ум бояд роҳ дода нашавад. Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* тамоми ин кишварро ғасб ва ҳукумати худро дар он ҷо эълон кард.* - созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ
https://sputnik.tj/20211007/siposi-tolibon-uzbekiston-komilov-kobul-vadaho-1042707187.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042883043_396:0:1103:530_1920x0_80_0_0_365472483ad87405262c1dda65b43c3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумаки башардӯстона, смм, афғонистон
кумаки башардӯстона, смм, афғонистон
Кумаки башардӯстонаи СММ барои Афғонистон ба Ӯзбекистон расид
15:00 15.10.2021 (Навсозишуда: 18:38 15.10.2021) Аз ин ҷо кумаки башардӯстона тариқи гузаргоҳи марзии Тирмиз - Ҳайратон ба Мазори Шариф фиристода мешавад
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ҳавопаймое, ки бо кумаки башардӯстона аз Дафтари паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) барои Афғонистон парвоз кардааст, рӯзи ҷумъа ба шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон расид, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба як корманди фурудгоҳи Тирмиз.
"Ҳавопаймои "Ил-76" бо ёрии башардӯстонаи СММ соати 11:20, ба вақти маҳаллӣ (11:20 ба вақти Душанбе) ба фурудгоҳи Тирмиз фуруд омад",-гуфт сухангӯи фурудгоҳ.
Кумак молҳои ниёзи аввал барои мардуми Афғонистонро дар бар мегирад.
Ҳамин тавр борҳо бо мошинҳои боркаш, тавассути гузаргоҳи марзии Тирмиз-Ҳайратон ба Мазори Шарифи Афғонистон интиқол дода мешавад.
Дар маҷмуъ СММ тасмим гирифтааст, ки тавассути фурудгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон ба Афғонистон се ҳавопаймо кумаки башардӯстона фиристад.
Қаблан раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон эълон кард, ки ба инзивои байналмилалии Афғонистон ва такрори сенарияи охири солҳои 90-ум бояд роҳ дода нашавад.
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* тамоми ин кишварро ғасб ва ҳукумати худро дар он ҷо эълон кард.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ