Ҷилавгирӣ аз қасди киштии амрикоӣ барои шикастани марзи Русия - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, аз талоши марзшикании як киштии амрикоӣ ҷилавгирӣ кардаанд
"Эсминетс"-и ИМА талош кард, дар баҳри Ҷопон марзи Русияро шиканад, аммо киштии нерӯҳои дарёии уқёнуси Ором - "Адмирал Трибутс" аз ин қонуншиканӣ ҷилавгирӣ кард, хабар дод Вазорати дифои Русия.
Манбаъ афзуд, ки 15 октябр, тақрибан соати 17:00, бо вақти маҳаллӣ, "эсминетс"-и "Chafee" (DDG 90) -и нерӯҳои баҳрии ИМА, ки чанд рӯз боз дар баҳри Ҷопон қарор дорад, ба марзи Русия наздик омада, талоши сарҳадшиканӣ намуд.
Вазорати дифоъ гуфт, киштии "Адмирал Трибутс", ки дар ин минтақа қарор дошт, аз тариқи шабакаи байналмилалии тамос киштии хориҷиро дар мавриди номақбул будани ин амал ҳушдор дод.
Таъкид шудааст, ки киштиронони ИМА-ро огоҳ карданд, ки дар қаламрави баста барои киштигардӣ қарор доранд, дар ҳоле ки тайи рӯзҳои 14 - 17 октябр размоиши муштараки Русия ва Чин зери унвони "Ҳамкории баҳрӣ - 2021" ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0