https://sputnik.tj/20211015/diplomati-rusiya-poygohi-ima-zarbai-tolibon-1042901898.html
Дипломати Русия гуфт, пойгоҳи ИМА кишварҳои ОМ-ро ҳадафи зарбаи "Толибон"* қарор медиҳад
Дипломати Русия гуфт, пойгоҳи ИМА кишварҳои ОМ-ро ҳадафи зарбаи "Толибон"* қарор медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия мустақар кардани пойгоҳи ҳарбии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказиро хатарнок хонд
2021-10-15T20:20+0500
2021-10-15T20:20+0500
2021-10-15T20:20+0500
амният ва мудофиа
има
хатар
вазорати умури хориҷии русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103038/55/1030385505_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_0acc804f6cd88e3e81963dcdc62b1f13.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ҷой додани пойгоҳҳои низомии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин давлатҳоро ҳадафи зарбаҳои ҷавобии "Толибон"* қарор хоҳад дод, изҳор дошт Александр Стерник, мудири Департаменти сеюми ВКХ Русия дар умури кишварҳои ИДМ. Ба гуфтаи ӯ, "Толибон" захоири кофӣ барои истифода алайҳи кишварҳои Осиёи Марказиро доранд. Стерник зимни ҳамоиши 13-уми Анҷумани пажуҳишгарони байналмилалии Русия изҳор дошт, ВКХ фишореро, ки ИМА ба ҳампаймонони Русия оварда истодааст, хатарнок медонад. Ӯ аз ҷумла азми ИМА барои ҷой додани пойгоҳи низомии зиддитеррористӣ дар қаламрави ОМ-ро зикр намуд. Ӯ муътақид аст, ки ИМА бо чунин иқдомаш кишварҳои минтақаро зери зарбаи ҷавобии "Толибон"* ва ё созмонҳои дигари тундгаро қарор медиҳад. "Барои истифода алайҳи ин минтақа "Толибон" захоири кофиро доранд ва аллакай дар маҷмуъ ба Тоҷикистон бо он таҳдид карда истодаанд", - илова намуд Стерник. Ин дар ҳолест, ки вазъ дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ печида шуда, созмони "Толибон"* қудратро ғасб намуда, аз ташкили аморати исломӣ хабар дод. Ин гурӯҳ, ки аз тарафаи ҷомеаи ҷаҳонӣ террористӣ эътироф шудааст, тафсири хосе аз қавонини шариатро дорад, ки хилофи мардумсолорӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошад. Аз ҷумла ҳуқуқи занон барои кору таҳсилро маҳдуд мекунад. * - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211015/rahmon-tahdid-idm-afghonistonro-1042894442.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103038/55/1030385505_0:0:1139:854_1920x0_80_0_0_1af77471a21dca048b1b8c24ae312697.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати умури хориҷӣ, мустақар, пойгоҳ, осиёи марказӣ
вазорати умури хориҷӣ, мустақар, пойгоҳ, осиёи марказӣ
Дипломати Русия гуфт, пойгоҳи ИМА кишварҳои ОМ-ро ҳадафи зарбаи "Толибон"* қарор медиҳад
Вазорати умури хориҷии Русия мустақар кардани пойгоҳи ҳарбии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказиро хатарнок хонд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ҷой додани пойгоҳҳои низомии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин давлатҳоро ҳадафи зарбаҳои ҷавобии "Толибон"* қарор хоҳад дод, изҳор дошт Александр Стерник, мудири Департаменти сеюми ВКХ Русия дар умури кишварҳои ИДМ.
Ба гуфтаи ӯ, "Толибон" захоири кофӣ барои истифода алайҳи кишварҳои Осиёи Марказиро доранд.
Стерник зимни ҳамоиши 13-уми Анҷумани пажуҳишгарони байналмилалии Русия изҳор дошт, ВКХ фишореро, ки ИМА ба ҳампаймонони Русия оварда истодааст, хатарнок медонад. Ӯ аз ҷумла азми ИМА барои ҷой додани пойгоҳи низомии зиддитеррористӣ дар қаламрави ОМ-ро зикр намуд.
"Ин қатъиян қобили қабул нест, ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳам Русия ва ҳам Чину Эрон, чун мо медонем, ки чӣ вазифаҳоеро пойгоҳҳои мустақар дар Осиёи Марказӣ ҳал хоҳанд кард", - таъкид намуд мудири департаменти ВУХ Русия.
Ӯ муътақид аст, ки ИМА бо чунин иқдомаш кишварҳои минтақаро зери зарбаи ҷавобии "Толибон"* ва ё созмонҳои дигари тундгаро қарор медиҳад.
"Барои истифода алайҳи ин минтақа "Толибон" захоири кофиро доранд ва аллакай дар маҷмуъ ба Тоҷикистон бо он таҳдид карда истодаанд", - илова намуд Стерник.
Ин дар ҳолест, ки вазъ дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ печида шуда, созмони "Толибон"* қудратро ғасб намуда, аз ташкили аморати исломӣ хабар дод. Ин гурӯҳ, ки аз тарафаи ҷомеаи ҷаҳонӣ террористӣ эътироф шудааст, тафсири хосе аз қавонини шариатро дорад, ки хилофи мардумсолорӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошад. Аз ҷумла ҳуқуқи занон барои кору таҳсилро маҳдуд мекунад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар