Макрон Раҳмонро бо забони тоҷикӣ хайрамақдам гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон и Эмануэль Макрон на выставке "Таджикистан - страна золотых рек" в Национальном музее восточных искусств Гиме, Франция
Эмомали Рахмон и Эмануэль Макрон на выставке Таджикистан - страна золотых рек в Национальном музее восточных искусств Гиме, Франция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Обуна шудан
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон кишвардори Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ хушомадед гуфт
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Эммануэл Макрон дар саҳифааш дар "Facebook" президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо забони тоҷикӣ хайрамақдам гуфт.
Макрон изҳори хушнудӣ кардааст, ки ҳамроҳ бо ҳамтои тоҷикаш аз намоишгоҳи “Тоҷикистон, сарзамини дарёҳои тилоӣ” боздид кардаанд.

"Хушнудам, ки имрӯз ҳамроҳ бо Шумо намоишгоҳи “Тоҷикистон, сарзамини дарёҳои тилоӣ”-ро дар Осорхонаи миллии ҳунари Осиё, Осорхонаи Гиме дар маркази пойтахти мо тамошо мекунам", - навиштааст Макрон.

Президенти Фаронса гуфтааст, ки ин намоишгоҳ дастоварди заҳмати чандинсолаи бостоншиносони тоҷику фаронсавӣ аст.
Фаронса ва Тоҷикистон имсол 30-юмин солгарди роҳандозии равобити дипломатиро ҷашн мегиранд.
Эммануэл Макрон мегӯяд, ки равобити ду кишвар бо эътимоду муколамаи наздик дар масъалаҳои амниятӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ равона шудаанд.
Раҳмон Макронро ба Тоҷикистон даъват кард
Ёдрас мешавем, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯза дар Фаронса қарор дорад. Дар зимни ин сафари расмӣ Тоҷикистону Фаронса музокироти сатҳи олӣ баргузор ва равобити ду кишварро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ карданд.
Эмомали Рахмон прибыл с официальным визитом во Францию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Музокироти Тоҷикистону Фаронса: Мавқеи Раҳмон дар бораи Афғонистон ва маорифу сармоягузорӣ
Ҳамчунин Раҳмон дар ин музокирот бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон ёдовар шуд ва аз кишварҳои Урупо даъват кард, ки дар ҷиҳати ҳалли қазияи ин кишвари ҷангзада кумак кунанд.
Лентаи хабарҳо
0