https://sputnik.tj/20211014/khujand-9-moh-iqtisod-ijtimo-1042835212.html
Рушди тавлид ва таъсиси корхонаҳои нав: Хуҷанд дар нуҳ моҳ ба чӣ ноил шуд?
Рушди тавлид ва таъсиси корхонаҳои нав: Хуҷанд дар нуҳ моҳ ба чӣ ноил шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Хуҷанд рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд
2021-10-14T16:45+0500
2021-10-14T16:45+0500
2021-10-14T17:48+0500
саноат
хуҷанд
истеҳсолот
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032466181_0:157:3083:1891_1920x0_80_0_0_b503aecfb4e56e7f2f5fbe2c0b0487aa.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба маблағи 985,8 млн. сомонӣ маҳсулот тавлид шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.Гуфта мешавад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн. сомонӣ зиёд аст. Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126 фоиз бештар будааст.Ҳамчунин тибқи ин гузориш, дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд 15 корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз таъсис шудааст.Ҳамин тавр шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расидааст, ки танҳо ин корхонаҳо ба маблағи зиёда аз 19,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, дар ҳоле ки дар пайи ташкили ин коргоҳҳо 164 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст. Инчунин аз ҷониби 71 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз бештар гуфта мешавад. Дар ин давра ба маҳсулоти асосӣ низ 26 намуд афзуда шуда, ин шохис ба 130 номгӯ расидааст ва тавлиди 87 номгӯи он дар қиёс бо давраи мушобеҳи соли гузашта зиёда аз 100,0 дарсад таъмин шудааст.Ҳамчунин дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби истифодаи иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ беш аз 13,8 млн. сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб шудааст.
https://sputnik.tj/20211013/talosh-sodirot-ashtak-khushkmevai-tojikiston-1042800281.html
https://sputnik.tj/20210426/sohtmon-15-korhona-kulob-1039052623.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032466181_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_7646fa85bd6c650be2838798a7561ea5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, 9 моҳ, натиҷагирӣ, рушди иқтисоду иҷтимоъ
хуҷанд, 9 моҳ, натиҷагирӣ, рушди иқтисоду иҷтимоъ
Рушди тавлид ва таъсиси корхонаҳои нав: Хуҷанд дар нуҳ моҳ ба чӣ ноил шуд?
16:45 14.10.2021 (Навсозишуда: 17:48 14.10.2021) Дар шаҳри Хуҷанд аз рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба маблағи 985,8 млн. сомонӣ маҳсулот тавлид шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн. сомонӣ зиёд аст.
Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126 фоиз бештар будааст.
Ҳамчунин тибқи ин гузориш, дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд 15 корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз таъсис шудааст.
Ҳамин тавр шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расидааст, ки танҳо ин корхонаҳо ба маблағи зиёда аз 19,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, дар ҳоле ки дар пайи ташкили ин коргоҳҳо 164 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст.
Инчунин аз ҷониби 71 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз бештар гуфта мешавад.
Дар ин давра ба маҳсулоти асосӣ низ 26 намуд афзуда шуда, ин шохис ба 130 номгӯ расидааст ва тавлиди 87 номгӯи он дар қиёс бо давраи мушобеҳи соли гузашта зиёда аз 100,0 дарсад таъмин шудааст.
Ҳамчунин дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби истифодаи иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ беш аз 13,8 млн. сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб шудааст.