https://sputnik.tj/20210426/sohtmon-15-korhona-kulob-1039052623.html
Сохтмони 15 корхонаи бузурги саноатӣ дар Кӯлоб
Сохтмони 15 корхонаи бузурги саноатӣ дар Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 15 корхонаи бузурги саноатӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ дар назар аст.
2021-04-26T18:02+0500
2021-04-26T18:02+0500
2021-04-26T18:17+0500
дар тоҷикистон
саноат
кӯлоб
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102149/81/1021498164_0:0:4640:2611_1920x0_80_0_0_90f29be35db5e18c5d78b874366cc029.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб 15 корхонаи бузурги саноатӣ сохта мешавад, дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар доираи амалишавии "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025", бунёди 15 корхонаи азим бо назардошти ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, замонависозии 5 корхонаи фаъолияткунанда дар назар аст.Ин корхонаҳо ба арзиши беш аз 4 миллиард сомонӣ бо ҷалби маблағгузории сармояи дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.Феълан, теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 46 адад расидааст, аз ҷумла дар шаҳр 7 корхонаи коркарди сангу шағал, 3 корхонаи хишти пухта, 14 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 9 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи соҳаи мошинсозӣ, корхонаи ресандагӣ, 4 корхонаи дӯзандагӣ ва як коргоҳи мебелбарорӣ фаъолият доранд, менависад АМИТ "Ховар".Дар корхонаҳои мазкур зиёда аз 180 номгӯй маҳсулот, аз қабили нахи пахта, хишти бинокорӣ, регу қуми шустагӣ, бетони бинокорӣ, хишти сементӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти макаронӣ, мебелҳои гуногун, 66 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.Бояд гуфт, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025” бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 тасдиқ гардида, дар он афзалият ба рушди соҳаи саноат дода шудааст.
https://sputnik.tj/20210415/danghara-4-korhonai-navi-istehsoli-1038475746.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102149/81/1021498164_523:0:4640:3088_1920x0_80_0_0_c67ed4afb33000a6f9f92ea66e34bcdf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯлоб, сохтмон, корхонаи бузурги саноатӣ,
кӯлоб, сохтмон, корхонаи бузурги саноатӣ,
Сохтмони 15 корхонаи бузурги саноатӣ дар Кӯлоб
18:02 26.04.2021 (Навсозишуда: 18:17 26.04.2021) Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 15 корхонаи бузурги саноатӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб 15 корхонаи бузурги саноатӣ сохта мешавад, дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар доираи амалишавии "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025", бунёди 15 корхонаи азим бо назардошти ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, замонависозии 5 корхонаи фаъолияткунанда дар назар аст.
Ин корхонаҳо ба арзиши беш аз 4 миллиард сомонӣ бо ҷалби маблағгузории сармояи дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Феълан, теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 46 адад расидааст, аз ҷумла дар шаҳр 7 корхонаи коркарди сангу шағал, 3 корхонаи хишти пухта, 14 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 9 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи соҳаи мошинсозӣ, корхонаи ресандагӣ, 4 корхонаи дӯзандагӣ ва як коргоҳи мебелбарорӣ фаъолият доранд, менависад АМИТ "Ховар".
Дар корхонаҳои мазкур зиёда аз 180 номгӯй маҳсулот, аз қабили нахи пахта, хишти бинокорӣ, регу қуми шустагӣ, бетони бинокорӣ, хишти сементӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти макаронӣ, мебелҳои гуногун, 66 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025” бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 тасдиқ гардида, дар он афзалият ба рушди соҳаи саноат дода шудааст.