https://sputnik.tj/20211011/putin-sharh-dod-ki-charo-mesulfad-1042772255.html
Путин шарҳ дод, ки чаро месулфад
Путин шарҳ дод, ки чаро месулфад
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия вазъи саломатӣ ва эҳсоси беҳдоштияшро шарҳ дод
2021-10-11T20:35+0500
2021-10-11T20:35+0500
2021-10-12T11:03+0500
тандурустӣ
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042288340_0:0:3038:1710_1920x0_80_0_0_45c2c083f3fdc80faf33826f8a9bec7d.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин итминон дод, ки бо саломатияш мушкиле надорад. Маврид ба зикр аст, ки Путин дар зимни ҷаласаи онлайнӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия сулфид, ки боиси пайдо шудани суолҳо миёни ҳозирин гашт. Путин тавзеҳ дод, ки ин сулфааш ба фаъолияти зиёди ӯ дар кӯча рабт дорад. Маврид ба зикр аст, ки нимаи моҳи сентябр Путин сафарашро ба Тоҷикистон лағв карда, дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ, ки дар Душанбе баргузор шуд, аз тариқи онлайнӣ иштирок намуд. Иттилоъ дар мавриди қарантини раисҷумҳур 14 сентябр расонаӣ гардида, далели ин иқдом гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус гуфта мешуд.Худи раисҷумҳур гуфт, дар пайи сари вақт нагирифтани ваксинаи дувум бархе аз афроде, ки бо ӯ кор карданд, гирифтори COVID-19 шудаанду бемориро осон аз сар мегузаронанд.Маврид ба зикр аст, ки худи Путин ваксинаи зидди коронавируси тавлиди Русия "Спутник V" гирифта буд.
https://sputnik.tj/20211011/peshnihod-jarima-khuddori-vaksinagiri-koronavirus-1042763613.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042288340_256:0:2985:2047_1920x0_80_0_0_0e1cee938258b99dcbffaa15bbaac2a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳури русия, саломатӣ, беҳдошт, эҳсос
владимир путин, раисҷумҳури русия, саломатӣ, беҳдошт, эҳсос
Путин шарҳ дод, ки чаро месулфад
20:35 11.10.2021 (Навсозишуда: 11:03 12.10.2021) Владимир Путин, раисҷумҳури Русия вазъи саломатияшро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин итминон дод, ки бо саломатияш мушкиле надорад.
Маврид ба зикр аст, ки Путин дар зимни ҷаласаи онлайнӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия сулфид, ки боиси пайдо шудани суолҳо миёни ҳозирин гашт.
Путин тавзеҳ дод, ки ин сулфааш ба фаъолияти зиёди ӯ дар кӯча рабт дорад.
"Дар ҳавои боз ҳаракат кардам, салқин буд. Ҳама хуб аст", - таъкид намуд раисҷумҳури Русия.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи моҳи сентябр Путин сафарашро ба Тоҷикистон лағв карда, дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ, ки дар Душанбе баргузор шуд, аз тариқи онлайнӣ иштирок намуд.
Иттилоъ дар мавриди қарантини раисҷумҳур 14 сентябр расонаӣ гардида, далели ин иқдом гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус гуфта мешуд.
Худи раисҷумҳур гуфт, дар пайи сари вақт нагирифтани ваксинаи дувум бархе аз афроде, ки бо ӯ кор карданд, гирифтори COVID-19 шудаанду бемориро осон аз сар мегузаронанд.
Маврид ба зикр аст, ки худи Путин ваксинаи зидди коронавируси тавлиди Русия "Спутник V" гирифта буд.