https://sputnik.tj/20211013/kanada-qabuli-firoriyon-afghoniston-trudo-1042802468.html
Канада омодаи қабули фирориён аз Афғонистон: Трюдо гуфт, чанд ҳазор нафарро мепазиранд
Канада омодаи қабули фирориён аз Афғонистон: Трюдо гуфт, чанд ҳазор нафарро мепазиранд
Sputnik Тоҷикистон
Канада омодагияшро барои қабули фирориёни Афғонистон, ки баъди ғасби ҳукумат аз сӯи "Толибон"* тарки кишвар кардаанд, изҳори омодагӣ намуд
2021-10-13T13:55+0500
2021-10-13T13:55+0500
2021-10-13T13:55+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
канада
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045305_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_2231a266c69f522eee238d1cf552b955.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Давлати Канада омодаи қабули 40 ҳазор гуреза аз Афғонистон аст. Дар ин бора дар саҳифааш дар "Twitter" Ҷастин Трюдо, сарвазири Канада хабар додааст. "Канада 40 ҳазор гурезаро мепазирад. Мо аз дигарон низ даъват мекунем, ки дар муҳоҷирати бехатари фирориён фаъол бошанд", - навишт Трюдо.Қаблан вазири муҳоҷирати Канада Марко Мендичино гуфт, ки кишвараш омодаи қабули 20 ҳазор фирорӣ аз қишрҳои осебпазир мебошад. Масъалаи фирориёни Афғонистон барои бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла ҳамсояҳо низ баҳсбарангез аст. Бисёре аз кишварҳо намехоҳанд гурезаҳоро қабул кунанд. Аз ҷумла беш аз як ҳазор муҳоҷир беш аз як моҳ дар марзи Белорус бо Лаҳистон дармондаанд. Онҳо иҷозати ҳаракат ба ҳич тараферо надоранд. Жозеп Боррел, роҳбари мақомои дипломатии Иттиҳоди Аврупо гуфт, то ҳол 22 ҳазор фирориро қабул кардаанд. Ӯ афзуд, ки давлатҳо бояд вуруди аз 10 то 20 ҳазор гурезаи дигарро иҷозат диҳанд. Дар ҳамин ҳол дар робита ба пазириши паноҳандаҳо Сербия, Литва, Финландия, ИМА ва баъзе аз дигар кишварҳо изҳори омодагӣ кардаанд. * - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211012/gur-jami-panjsher-tolibon-nameguzorand-boz-1042792097.html
канада
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045305_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_701dbcb62757771c33e59e437f107f55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
канада, фирор, қабул, муҳоҷирон
канада, фирор, қабул, муҳоҷирон
Канада омодаи қабули фирориён аз Афғонистон: Трюдо гуфт, чанд ҳазор нафарро мепазиранд
Канада барои қабули фирориёни Афғонистон, ки баъди ғасби ҳукумат аз сӯйи "Толибон"* тарки кишвар кардаанд, изҳори омодагӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Давлати Канада омодаи қабули 40 ҳазор гуреза аз Афғонистон аст. Дар ин бора дар саҳифааш дар "Twitter" Ҷастин Трюдо, сарвазири Канада хабар додааст.
"Канада 40 ҳазор гурезаро мепазирад. Мо аз дигарон низ даъват мекунем, ки дар муҳоҷирати бехатари фирориён фаъол бошанд", - навишт Трюдо.
Қаблан вазири муҳоҷирати Канада Марко Мендичино гуфт, ки кишвараш омодаи қабули 20 ҳазор фирорӣ аз қишрҳои осебпазир мебошад.
Масъалаи фирориёни Афғонистон барои бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла ҳамсояҳо низ баҳсбарангез аст.
Бисёре аз кишварҳо намехоҳанд гурезаҳоро қабул кунанд. Аз ҷумла беш аз як ҳазор муҳоҷир беш аз як моҳ дар марзи Белорус бо Лаҳистон дармондаанд. Онҳо иҷозати ҳаракат ба ҳич тараферо надоранд.
Жозеп Боррел, роҳбари мақомои дипломатии Иттиҳоди Аврупо гуфт, то ҳол 22 ҳазор фирориро қабул кардаанд. Ӯ афзуд, ки давлатҳо бояд вуруди аз 10 то 20 ҳазор гурезаи дигарро иҷозат диҳанд.
Дар ҳамин ҳол дар робита ба пазириши паноҳандаҳо Сербия, Литва, Финландия, ИМА ва баъзе аз дигар кишварҳо изҳори омодагӣ кардаанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар