https://sputnik.tj/20211012/gur-jami-panjsher-tolibon-nameguzorand-boz-1042792097.html
Як гӯри ҷамъии дигар дар Панҷшер: “Толибон”* намегузоранд, боз шавад
Як гӯри ҷамъии дигар дар Панҷшер: “Толибон”* намегузоранд, боз шавад
Sputnik Тоҷикистон
Як гӯри ҷамъии нав дар Панҷшер кашф шудааст, ки “Толибон”* монеъи боз кардани он шудаанд
2021-10-12T18:10+0500
2021-10-12T18:10+0500
2021-10-12T20:03+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
муқовимат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102824/68/1028246833_0:322:3069:2048_1920x0_80_0_0_e17e23a35072d9ff81f829c3f7eae1c8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Қазияи гӯрҳои ҷамъӣ дар Панҷшер, ки пас аз вуруди нерӯҳои “Толибон”* ба дара пайдо шуд, баҳс дар маҳофили сиёсиро низ доғ кардааст. Як манбаъ аз рустои Руха, маркази вулусволии Рухаи вилояти Панҷшер ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ақиби лисаи Руха, ки миёни мардум ба далели наздикиаш ба рустои Шайхон ба номи “Мактаби Шайхон” низ маъруф аст, як гӯри ҷамъие кашф шудааст, ки касе намефаҳмад, дар он ҷо чанд нафар дафн шудааст. “Як нафар аз мардуми маҳал гуфт, ки рӯзи вурудашон “Толибон”* чанд нафарро ба қатл расонданд. Мардуми маҳал, мӯйсафедон ва онҳое, ки фарзанду наздиконашон лодараканд, борҳо ба масъулини толиби вилоят муроҷиат карданд, то иҷозаи боз кардани онро диҳанд, аммо талошҳояшон то ба ҳол натиҷа надодааст", - изҳор дошт ӯ.Мусоҳиб таъкид намуд, ки “Толибон”* ҳам ин маҳалро шадидан муҳофизат мекунанд. Вай афзуд, имрӯзҳо мардуми зиёде аз дараву ҳатто вилоятҳои ҳамҷавор - Парвону Кописо ва Тахор, ки дар набардҳои Панҷшер наздиконашонро гум кардаанд, ба он ҷо мераванд ва нишонӣ суроғ мекунанд. “Як бор дар пайи ҳамчунин талошҳо дар рустои Бахшихел як гӯри ҷамъӣ пайдо шуд, ки се нафар дар он дафн шуда буд. Ду нафари онҳо аз Кописо, яке панҷшерӣ буд ва ҳамагӣ рӯзи аввали вуруди “Толибон” кушта шуда буданд”, - гуфт манбаъ. Баҳси қабрҳои ҷамъӣ рӯзи дуввум аст, ки аз сӯйи афроди расмӣ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба миён гузошта мешавад. Як рӯзи қабл Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади 13 ҷавон аз як чуқурӣ дар вулусволии Руха хабар дода буд. Сафир дақиқ нагуфт, ки ин кадом қисмати вулусволии мазкур аст, аммо бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Панҷшер, ин гӯри ҷамъӣ дар қаламрави рустои Бахшихел пайдо шудааст. Гузоришҳо дар бораи қатлҳо ва қабрҳои ҷамъӣ дар Панҷшер аз қабл низ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доштанд. Аз ҷумла ҷанозаҳои Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхони Зарра, ки рӯзи 4 сентябр дар рустои Даштаки Панҷшер ба шаҳодат расиданд, пас аз ду рӯз аз як ҷарии қаламрави ин деҳа дар қатори чаҳор ҷасади дигар пайдо шуданд. Ҳамзамон аз куштори ҷамъии ҳудуди 50 сокини мулкии рустоҳои Обдара, Поранда, Шоба, Париён ва ғайра низ гузориш расида буд, ки дар чуқуриҳо ба таври ҷамъӣ партофта шуда буданд. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфт, ки теъдоди кушташудагон ба дасти “Толибон”* дар Панҷшер ба ҳудуди 400 нафар мерасад ва аксари онҳо дар гӯрҳои ҷамъӣ дафн шудаанд. Дар ҳамин ҳол субҳи рӯзи 12-уми октябр, Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ зимни як эъломияи расмӣ аз “ҷароими ҷангӣ, наслкушӣ, поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият”- и “Толибон”* суҳбат карда, қатли оми намозгузорон дар масҷиди Сайидободи Қундуз, кӯч доданҳои иҷбории мардум аз хонаҳояшон дар вилоятҳои Кандаҳор, Балх, Дойкундӣ ва Андаробҳо, гумшавии афрод ва қатлҳои ҷамъӣ дар вилояти Панҷшерро мисол овард. “Толибон”* то ҳол дар робита ба ин иттиҳомот назари худро баён накардааст.*- созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211012/ima-masuliyati-afghoniston-bor-kishvarho-hamsoya-1042785655.html
https://sputnik.tj/20211012/elomiyai-masud-jahon-ghani-1042779875.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102824/68/1028246833_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_882375fdcf61d539d8a4ee3124428026.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гӯр, ҷамъӣ, панҷшер, толибон
гӯр, ҷамъӣ, панҷшер, толибон
Як гӯри ҷамъии дигар дар Панҷшер: “Толибон”* намегузоранд, боз шавад
18:10 12.10.2021 (Навсозишуда: 20:03 12.10.2021) Як гӯри ҷамъии нав дар Панҷшер кашф шудааст, ки “Толибон”* монеи боз кардани он шуд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Қазияи гӯрҳои ҷамъӣ дар Панҷшер, ки пас аз вуруди нерӯҳои “Толибон”* ба дара пайдо шуд, баҳс дар маҳофили сиёсиро низ доғ кардааст.
Як манбаъ аз рустои Руха, маркази вулусволии Рухаи вилояти Панҷшер ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ақиби лисаи Руха, ки миёни мардум ба далели наздикиаш ба рустои Шайхон ба номи “Мактаби Шайхон” низ маъруф аст, як гӯри ҷамъие кашф шудааст, ки касе намефаҳмад, дар он ҷо чанд нафар дафн шудааст.
“Як нафар аз мардуми маҳал гуфт, ки рӯзи вурудашон “Толибон”* чанд нафарро ба қатл расонданд. Мардуми маҳал, мӯйсафедон ва онҳое, ки фарзанду наздиконашон лодараканд, борҳо ба масъулини толиби вилоят муроҷиат карданд, то иҷозаи боз кардани онро диҳанд, аммо талошҳояшон то ба ҳол натиҷа надодааст", - изҳор дошт ӯ.
Мусоҳиб таъкид намуд, ки “Толибон”* ҳам ин маҳалро шадидан муҳофизат мекунанд.
Вай афзуд, имрӯзҳо мардуми зиёде аз дараву ҳатто вилоятҳои ҳамҷавор - Парвону Кописо ва Тахор, ки дар набардҳои Панҷшер наздиконашонро гум кардаанд, ба он ҷо мераванд ва нишонӣ суроғ мекунанд.
“Як бор дар пайи ҳамчунин талошҳо дар рустои Бахшихел як гӯри ҷамъӣ пайдо шуд, ки се нафар дар он дафн шуда буд. Ду нафари онҳо аз Кописо, яке панҷшерӣ буд ва ҳамагӣ рӯзи аввали вуруди “Толибон” кушта шуда буданд”, - гуфт манбаъ.
Баҳси қабрҳои ҷамъӣ рӯзи дуввум аст, ки аз сӯйи афроди расмӣ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба миён гузошта мешавад.
Як рӯзи қабл Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади 13 ҷавон аз як чуқурӣ дар вулусволии Руха хабар дода буд.
Сафир дақиқ нагуфт, ки ин кадом қисмати вулусволии мазкур аст, аммо бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Панҷшер, ин гӯри ҷамъӣ дар қаламрави рустои Бахшихел пайдо шудааст.
Гузоришҳо дар бораи қатлҳо ва қабрҳои ҷамъӣ дар Панҷшер аз қабл низ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доштанд. Аз ҷумла ҷанозаҳои Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхони Зарра, ки рӯзи 4 сентябр дар рустои Даштаки Панҷшер ба шаҳодат расиданд, пас аз ду рӯз аз як ҷарии қаламрави ин деҳа дар қатори чаҳор ҷасади дигар пайдо шуданд.
Ҳамзамон аз куштори ҷамъии ҳудуди 50 сокини мулкии рустоҳои Обдара, Поранда, Шоба, Париён ва ғайра низ гузориш расида буд, ки дар чуқуриҳо ба таври ҷамъӣ партофта шуда буданд.
Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфт, ки теъдоди кушташудагон ба дасти “Толибон”* дар Панҷшер ба ҳудуди 400 нафар мерасад ва аксари онҳо дар гӯрҳои ҷамъӣ дафн шудаанд.
Дар ҳамин ҳол субҳи рӯзи 12-уми октябр, Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ зимни як эъломияи расмӣ аз “ҷароими ҷангӣ, наслкушӣ, поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият”- и “Толибон”* суҳбат карда, қатли оми намозгузорон дар масҷиди Сайидободи Қундуз, кӯч доданҳои иҷбории мардум аз хонаҳояшон дар вилоятҳои Кандаҳор, Балх, Дойкундӣ ва Андаробҳо, гумшавии афрод ва қатлҳои ҷамъӣ дар вилояти Панҷшерро мисол овард.
“Толибон”* то ҳол дар робита ба ин иттиҳомот назари худро баён накардааст.
*- созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар