https://sputnik.tj/20211013/darguzasht-tohir-tumanov-1042816983.html
Даргузашти Тоҳир Туманов, табиби силшинос дар Кӯлоб
Даргузашти Тоҳир Туманов, табиби силшинос дар Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Тоҳир Туманов, директори Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории cил дар шаҳри Кӯлоб аз олам даргузашт
2021-10-13T18:40+0500
2021-10-13T18:40+0500
2021-10-13T18:40+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кӯлоб
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042815686_0:0:445:250_1920x0_80_0_0_7922770fe8b8cac9a506f4c283867b04.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Тоҳир Туманов, табиби силшинос дар пайи беморӣ дар синни 65-солагӣ аз олам чашм пӯшид.Садриддин Ғаюров, сардори раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Туманов вақтҳои охир аз бемории сиррози ҷигар ранҷ мебурд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Тоҳир Туманов 65 сол дошт ва беш аз чиҳил соли худро ба касбу корӣ пизишкӣ бахшида буд. Ду соли охир мудирияти Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили № 2-и шаҳри Кӯлобро бар уҳда дошт. Аз ин пеш, ҳудуди 10 сол директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО (СПИД) дар Кӯлоб буд. Дар робита ба даргузашти ин табиб ҳамкоронаш аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён намудаанд.Ҷанозаи Туманов зуҳри имрӯз бо иштироки пайвандон ва аҳли ҳамкоронаш дар қабристони ноҳияи Фархор ба хок супорида шудааст.
https://sputnik.tj/20210914/darguzashti-tohir-azizzoda-raisi-nohiya-mastchoh-1042261886.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042815686_0:0:445:334_1920x0_80_0_0_5f05d9e7d1e02bd66a089015aacf5b5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, тоҳир туманов
Даргузашти Тоҳир Туманов, табиби силшинос дар Кӯлоб
Тоҳир Туманов, директори Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории cил дар шаҳри Кӯлоб аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Тоҳир Туманов, табиби силшинос дар пайи беморӣ дар синни 65-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Садриддин Ғаюров, сардори раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб дар таъйиди ин хабар ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, Туманов вақтҳои охир аз бемории сиррози ҷигар ранҷ мебурд.
“Ду моҳи охир пайваста табобат мегирифтанд, вале аҳволашон беҳтар нашуд. Дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд. Туманов аз кадрҳои ботаҷрибаи минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб мерафт, гузашта аз ин як инсони комили дар касбаш содиқ буд. Ҳамеша дар хидмати мардум қарор дошт", - гуфт Ғаюров.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Тоҳир Туманов 65 сол дошт ва беш аз чиҳил соли худро ба касбу корӣ пизишкӣ бахшида буд.
Ду соли охир мудирияти Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили № 2-и шаҳри Кӯлобро бар уҳда дошт.
Аз ин пеш, ҳудуди 10 сол директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО (СПИД) дар Кӯлоб буд.
Дар робита ба даргузашти ин табиб ҳамкоронаш аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён намудаанд.
"Доктор Туманов яке аз мутахассисони варзидаи силшинос, кордону фидоии касбу кори худ, дармонбахши беморону раҳнамои ҳамкорон ва шахси дорои беҳтарин сифатҳои инсонӣ буданд. Даргузашти марҳум барои соҳа талафоти бузург аст", - изҳор намудаанд ҳамкоронаш.
Ҷанозаи Туманов зуҳри имрӯз бо иштироки пайвандон ва аҳли ҳамкоронаш дар қабристони ноҳияи Фархор ба хок супорида шудааст.