https://sputnik.tj/20210914/darguzashti-tohir-azizzoda-raisi-nohiya-mastchoh-1042261886.html
Даргузашти Тоҳир Азиззода, раиси 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ
Даргузашти Тоҳир Азиззода, раиси 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар пайи беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ 41 сол дошт 14.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-14T21:18+0500
2021-09-14T21:18+0500
2021-09-15T09:13+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
суғд
мастчоҳ
даргузашт
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042262016_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_0ebf7547ba504ea1021d424e9a717932.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Даргузашти Тоҳир Азиззодаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи ноҳиявии “Машъал” таъйид кард. “Аз аввали моҳи сентябр ба ин тараф вазъи саломатиашон хуб набуд. Рӯзи 1 сентябр дар рӯзи Дониш дар ифтитоҳи як муассисаи таълимӣ иштирок карданд, баъди ҳамин дар хона табобат мегирифтанд. Ду се рӯзи пеш саломатиашон бадтар шуд ва барои ҷарроҳӣ ба шаҳри Душанбе рафтанд, вале ин бегоҳ ҷон ба Ҳақ таслим намуданд”, - гуфт Ҳикмат. Ин ҳамсуҳбати мо дар бораи аз чи беморӣ фавтидани Азиззода изҳори бехабарӣ кард, танҳо гуфт, ки “табъ кардаанду фишорашон ҳам баланд шудааст”. Дар бораи даргузашти Тоҳир Азиззода дигар масъулони ҳукумати ноҳияи Масчоҳ дар саҳфаи худ дар фейсбук хабар дода, барои пайвандони марҳум ҳамдардӣ изҳор намудаанд. Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат 17 апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷандро дар бахши иқтисодӣ хатм кардааст. Солҳои 1997-2002 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор кардааст. Аз соли 2002 то 2012 роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи Мусо Исоев дар деҳаи Пастиғави ин ноҳияи буд. Соли 2012, ӯ як ширкати сохтмонии ҶДММ "Пастиғав" -ро таъсис дод ва то соли 2016 раҳбари ин ширкат буд. Соли 2016 бо фармони раиси ноҳия ӯро муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин карданд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд. Азиззода аз 13 январи соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуда, аз ҷониби раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни як ҷаласа барои масъулини ноҳия муаррифӣ гардид.
https://sputnik.tj/20210914/darguzasht-gurz-shinokhta-shuravi-rekordsmeni-jahon-1042258882.html
суғд
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042262016_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_78d075fa2fad582fe5f4a6488ca42ecf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, суғд, мастчоҳ, даргузашт, бемор
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, суғд, мастчоҳ, даргузашт, бемор
Даргузашти Тоҳир Азиззода, раиси 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ
21:18 14.09.2021 (Навсозишуда: 09:13 15.09.2021) Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар пайи беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ 41 сол дошт
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Даргузашти Тоҳир Азиззодаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи ноҳиявии “Машъал” таъйид кард.
“Аз аввали моҳи сентябр ба ин тараф вазъи саломатиашон хуб набуд. Рӯзи 1 сентябр дар рӯзи Дониш дар ифтитоҳи як муассисаи таълимӣ иштирок карданд, баъди ҳамин дар хона табобат мегирифтанд. Ду се рӯзи пеш саломатиашон бадтар шуд ва барои ҷарроҳӣ ба шаҳри Душанбе рафтанд, вале ин бегоҳ ҷон ба Ҳақ таслим намуданд”, - гуфт Ҳикмат.
Ин ҳамсуҳбати мо дар бораи аз чи беморӣ фавтидани Азиззода изҳори бехабарӣ кард, танҳо гуфт, ки “табъ кардаанду фишорашон ҳам баланд шудааст”.
Дар бораи даргузашти Тоҳир Азиззода дигар масъулони ҳукумати ноҳияи Масчоҳ дар саҳфаи худ дар фейсбук хабар дода, барои пайвандони марҳум ҳамдардӣ изҳор намудаанд.
Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат 17 апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷандро дар бахши иқтисодӣ хатм кардааст. Солҳои 1997-2002 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор кардааст. Аз соли 2002 то 2012 роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи Мусо Исоев дар деҳаи Пастиғави ин ноҳияи буд. Соли 2012, ӯ як ширкати сохтмонии ҶДММ "Пастиғав" -ро таъсис дод ва то соли 2016 раҳбари ин ширкат буд. Соли 2016 бо фармони раиси ноҳия ӯро муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин карданд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.
Азиззода аз 13 январи соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуда, аз ҷониби раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни як ҷаласа барои масъулини ноҳия муаррифӣ гардид.