https://sputnik.tj/20211012/ima-masuliyati-afghoniston-bor-kishvarho-hamsoya-1042785655.html
Лавров: ИМА талош дорад, масъулияти вазъи Афғонистонро бори кишварҳои ҳамсоя кунад - видео
Лавров: ИМА талош дорад, масъулияти вазъи Афғонистонро бори кишварҳои ҳамсоя кунад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия гуфт, НАТО талош дорад масъулияти вазъ дар Афғонистонро ба дӯши ҷомеаи байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя гузорад
2021-10-12T16:00+0500
2021-10-12T16:00+0500
2021-10-12T19:21+0500
сиёсат
има
афғонистон
сергей лавров
осиёи марказӣ
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042785545_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_a33106bca0d554e0787f35c056da5ea9.jpg
ИМА ва НАТО талош доранд, вазъи Осиёро "гарм" кунанд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳор дошт. Пас аз тарки Афғонистон Ғарб мекӯшад, ба қаламрави кишварҳои ҳамсояи ин ҷумҳурӣ ворид шуда, ин кишварҳоро гирифтори мавҷи паноҳандаҳо кунад. Ба гуфтаи Лавров, вазъи геополитикии минтақа на беҳтар мешавад, балки танҳо печидатар мегардад. Ӯ ишора кард, ки НАТО аз масъулият барои оқибатҳои будубоши 20-сола дар Афғонистон канорагирӣ мекунад. Лавров афзуд, ки иттиҳод талош дорад, масъулияти ҳалли мушкилоти ҷумҳуриро ба гардани ҳамсоягон ва ҷомеаи байналмилалӣ бор кунад. Илова бар ин вазири умури хориҷии Русия ёдовар шуд, ки нерӯҳои хориҷӣ пас аз тарки Афғонистон дар ин кишвар миқдори зиёди аслиҳа, аз ҷумла техникаи низомиро боқӣ гузоштанд.Мавқеи шартӣ: Маскав зидди ҷойгиркунии нерӯҳои амрикоӣ дар ОМ"Муҳим аст, ки онҳо барои мақсадҳои мухарриб истифода нашаванд", - гуфт ӯ. Ёдовар мешавем, ки МҲТБО бо ташаббуси Қазоқистон соли 1992 таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии форуми байнидавлатӣ фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи чораҳо дар соҳаи таъмини амният дар Осиё мебошад.
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042785545_219:0:1179:720_1920x0_80_0_0_7c53b43254f508e61b1826098d2fb2f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиё, има, русия, талош, бесарусомонӣ
осиё, има, русия, талош, бесарусомонӣ
Лавров: ИМА талош дорад, масъулияти вазъи Афғонистонро бори кишварҳои ҳамсоя кунад - видео
16:00 12.10.2021 (Навсозишуда: 19:21 12.10.2021) Вазири умури хориҷии Русия гуфт, НАТО талош дорад, масъулияти вазъ дар Афғонистонро ба дӯши ҷомеаи байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя гузорад
ИМА ва НАТО талош доранд, вазъи Осиёро "гарм" кунанд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳор дошт.
Пас аз тарки Афғонистон Ғарб мекӯшад, ба қаламрави кишварҳои ҳамсояи ин ҷумҳурӣ ворид шуда, ин кишварҳоро гирифтори мавҷи паноҳандаҳо кунад.
Ба гуфтаи Лавров, вазъи геополитикии минтақа на беҳтар мешавад, балки танҳо печидатар мегардад.
"Мо талошҳои барқасдона барои "гарм кардани вазъ", вайрон кардани механизмҳои мавҷудаи ҳамкории байнидавлатиро мебинем", - таъкид кард вазири корҳои хориҷии Русия.
Ӯ ишора кард, ки НАТО аз масъулият барои оқибатҳои будубоши 20-сола дар Афғонистон канорагирӣ мекунад. Лавров афзуд, ки иттиҳод талош дорад, масъулияти ҳалли мушкилоти ҷумҳуриро ба гардани ҳамсоягон ва ҷомеаи байналмилалӣ бор кунад.
Илова бар ин вазири умури хориҷии Русия ёдовар шуд, ки нерӯҳои хориҷӣ пас аз тарки Афғонистон дар ин кишвар миқдори зиёди аслиҳа, аз ҷумла техникаи низомиро боқӣ гузоштанд.
"Муҳим аст, ки онҳо барои мақсадҳои мухарриб истифода нашаванд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки МҲТБО бо ташаббуси Қазоқистон соли 1992 таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии форуми байнидавлатӣ фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи чораҳо дар соҳаи таъмини амният дар Осиё мебошад.