https://sputnik.tj/20211012/abdullo-firor-ghani-suqut-nizom-1042781467.html
Абдуллоҳ: Фирор ва инҳисоргароии Ғанӣ боиси суқути низом шуд
Абдуллоҳ: Фирор ва инҳисоргароии Ғанӣ боиси суқути низом шуд
Sputnik Тоҷикистон
Абдулло мегӯяд, як қатор масъалаҳо боиси суқути низом шуданд, ки дар ҳамаи онҳо дасти Ашраф Ғанӣ ҳаст
2021-10-12T13:35+0500
2021-10-12T13:35+0500
2021-10-12T14:31+0500
афғонистон
ашраф ғанӣ
ҳукумат
абдуллоҳ абдуллоҳ
суқут
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102993/29/1029932962_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_57f087d65ed33e7282af49ab5cb1436a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тақрибан ду моҳ пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии оштии миллӣ дар суҳбат бо "India Today" гуфт, ки фирори Ғанӣ сабаби асосии суқути ҳукумати пешин аст. Ӯ бар ин бовар аст, ки фирори Ғанӣ сабаб шуд, то мардум ҳоло дар чунин шароите қарор гирад.Раиси пешини Шӯрои олии оштии миллӣ мушкилот дар низоми идоракунии ҳукумати пешин, фасод ва монополияи Ғаниро масъалаҳои муҳиме номид, ки байни мардум ва ҳукумати пешин фосила эҷод карда буд. Ба гуфтаи Абдулло, ин масъалаҳо дар ниҳоят боиси суқути низом шуданд."Бояд бигӯям, ки мушкилот дар система зиёд буд, ки дар он шубҳае нест. Аз ҷумла интихоботи носолими паси ҳам, адами эътимоди Ғанӣ болои мардум ва раҳбарони кишвар, ки бояд дар аксари вақт онҳо ӯро муқассир донист. Фасоду масофаи байни мардуму ҳукумат сабаби суқути низом шуд", - гуфт Абдулло.Роҳбари пешини Шӯрои олии оштии миллӣ имзои Созишномаи Доҳа байни ИМА ва "Толибон"*-ро сабаби набудани сулҳ дар Афғонистон медонад. Ба гуфтаи ӯ, як қатор бандҳои созишнома хеле заиф буданд.Имзои тавофуқнома дар Доҳа миёни Амрико ва "Толибон"* ба гунае ки дӯстони амрикоии мо дар даруни ҳукумати он кишвар ва ҳама ҷонибҳои дахил бо он мухолифат мекарданд, мунҷар ба нопойдории сулҳ дар Афғонистон гардидПрезиденти собиқи Афғонистон рӯзи 15-уми август, дар пайи омадани "Толибон"* пушти дарвозаҳои Кобул аз пойтахт фирор кард.Гуфта мешавад, Ғанӣ ҳамроҳ бо чанд тани дигар аз тимаш 169 миллион доллари буҷаро бо худ бурдаанд, аммо ӯ ин иддаоро пас аз ду рӯзи фирораш рад кард.Ахиран ИМА низ гуфт, ки қазияи пулҳои рабудаи Ғаниро таҳқиқ хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20211006/nabil-ghani-muhib-furuposhii-nizom-dast-doshtand-1042683257.html
https://sputnik.tj/20211009/sobiq-sarmuhofiz-raisijumhur-ghani-million-dollar-1042743495.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102993/29/1029932962_251:0:972:541_1920x0_80_0_0_9f2f0876fd12aa529b59953fd3e95ab1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абдулло фирор ғанӣ суқути низом
абдулло фирор ғанӣ суқути низом
Абдуллоҳ: Фирор ва инҳисоргароии Ғанӣ боиси суқути низом шуд
13:35 12.10.2021 (Навсозишуда: 14:31 12.10.2021) Абдулло мегӯяд, як қатор масъалаҳо боиси суқути низом шуданд, ки дар ҳамаи онҳо дасти Ашраф Ғанӣ ҳаст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тақрибан ду моҳ пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии оштии миллӣ дар суҳбат бо "
India Today" гуфт, ки фирори Ғанӣ сабаби асосии суқути ҳукумати пешин аст.
Ӯ бар ин бовар аст, ки фирори Ғанӣ сабаб шуд, то мардум ҳоло дар чунин шароите қарор гирад.
"Бо фирори Ғанӣ вазъияти кишвар мубаддал ба як ҳолати пур аз ҳарҷу марҷ гардид", - гуфтааст Абдуллоҳ.
Раиси пешини Шӯрои олии оштии миллӣ мушкилот дар низоми идоракунии ҳукумати пешин, фасод ва монополияи Ғаниро масъалаҳои муҳиме номид, ки байни мардум ва ҳукумати пешин фосила эҷод карда буд. Ба гуфтаи Абдулло, ин масъалаҳо дар ниҳоят боиси суқути низом шуданд.
"Бояд бигӯям, ки мушкилот дар система зиёд буд, ки дар он шубҳае нест. Аз ҷумла интихоботи носолими паси ҳам, адами эътимоди Ғанӣ болои мардум ва раҳбарони кишвар, ки бояд дар аксари вақт онҳо ӯро муқассир донист. Фасоду масофаи байни мардуму ҳукумат сабаби суқути низом шуд", - гуфт Абдулло.
Роҳбари пешини Шӯрои олии оштии миллӣ имзои Созишномаи Доҳа байни ИМА ва "Толибон"*-ро сабаби набудани сулҳ дар Афғонистон медонад. Ба гуфтаи ӯ, як қатор бандҳои созишнома хеле заиф буданд.
Имзои тавофуқнома дар Доҳа миёни Амрико ва "Толибон"* ба гунае ки дӯстони амрикоии мо дар даруни ҳукумати он кишвар ва ҳама ҷонибҳои дахил бо он мухолифат мекарданд, мунҷар ба нопойдории сулҳ дар Афғонистон гардид
Президенти собиқи Афғонистон рӯзи 15-уми август, дар пайи омадани "Толибон"* пушти дарвозаҳои Кобул аз пойтахт фирор кард.
Гуфта мешавад, Ғанӣ ҳамроҳ бо чанд тани дигар аз тимаш 169 миллион доллари буҷаро бо худ бурдаанд, аммо ӯ ин иддаоро пас аз ду рӯзи фирораш рад кард.
Ахиран ИМА низ гуфт, ки қазияи пулҳои рабудаи Ғаниро таҳқиқ хоҳад кард.