"Толибон"* мехоҳад дипломатҳои Афғонистонро аз Русия бозхонд кунанд: сабаб

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПосольство Афганистана в Москве
Посольство Афганистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Обуна шудан
"Толибон" мегӯяд, мумкин аст, шуморе аз кормандони сафорати Афғонистон дар Маскавро бозхонд намояд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҳаракати террористии "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, шояд кормандони сафорати ин кишвар дар Маскавро бозхонд намояд, хабар медиҳад ТАСС.
Сухангӯи ин ҷунбиш, муовини вазири иттилоот ва фарҳанг дар ҳукумати муваққатии ташкилкардаи ҷангиён Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки кормандон вазифаи худро дуруст иҷро накардаанд.

"Мо масъалаи тағйири ҳайати дипломатиро баррасӣ хоҳем кард. Кормандоне, ки вазифаҳои худро дуруст иҷро намекунанд, метавонанд бозхонд шаванд ",-гуфт намояндаи "Толибон"*.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаҳои тағйири кадрҳо бояд аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати ташкилкардаи ин гурӯҳ ҳал шаванд.
Муҷоҳид ҳамчунин қайд кард, ки ҳоло муҳим аст, ки сафорати Афғонистон дар Маскав ва сафорати Русия дар Кобул дубора ба кори худ оғоз кунанд.
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Сафири Афғонистон ҳукумати Толибонро* ғайриқонунӣ хонд
Илова бар ин ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Русия дар бозсозии Афғонистон, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ дар даҳсолаҳои охир зарар дидааст, ширкат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, қаблан сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфта буд, ки ҳамаи 67 сафорати Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ ҳукумати "Толибон"* - эътироф намекунанд.
* - созмони фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0