Соли сеюм: Боз тимҳои "Соро компания" ва "Сипар" дар финал зӯрозмоӣ мекунанд

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпӣ дар ҷамъбасти даври нимниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 иштирокчиёни даври ниҳоиро эълон кард.
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, соли сеюм аст, ки пайи ҳам дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дар даври ниҳоии Лигаи футзали Тоҷикистон сабқат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, “Соро компания” дар ду бозии даври нимфинал бар дастаи “Пойтахт” пирӯз гардид. Зикр шуд, ки бозии аввал рӯзи 2 октябр бо ҳисоби 7:2 ва бозии дуюм 9 октябр бо ҳисоби 10:2 ба фоидаи "Соро компания" анҷомиданд.
Махмаджон Хабибуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба фаъолияти мураббигияш дар футбол нуқта мегузорад
Кумитаи миллии олимпӣ илова намуд, ки тими “Сипар” низ дар ду бозӣ “Истиқлол”-ро шикаст дод. Бозии аввал 2 октябр бо ҳисоби 5:3 ва бозии дуюм 10 октябр бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт, ки дар натиҷа ду дастаи сабқати ниҳоӣ маълум шуданд.

Манбаъ хотиррасон намуд, ки се соли охир “Соро компания” ва “Сипар” барои ба даст овардани медалҳои тиллои Лигаи футзали Тоҷикистон бозӣ мекунанд. Финал аз силсилаи бозиҳо то се ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст.

Ду дастаи дигари шаҳри Душанбе – “Истиқлол” ва “Пойтахт” барои ҷои сеюм бо як бозӣ анҷом медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0