Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба фаъолияти мураббигияш дар футбол нуқта мегузорад

© Официальный сайт ФФТМахмаджон Хабибуллоев, архивное фото
Махмаджон Хабибуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Обуна шудан
Мутахассиси маъруфи тоҷик Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бозии охирини худро дар чемпионати кишвар доир мекунад
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бозӣ бо "Истиқлол" барои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ҳамчун мураббии футбол охирин хоҳад буд. Бо ҳамин ӯ фаъолияти мураббигии худро дар футболи тоҷик ба охир мерасонад, гуфт мураббӣ дар суҳбат бо телевизиони "Варзиш".
"Ман ба чунин хулоса омадад, ки бозӣ бо "Истиқлол" охирин вохӯрии ман дар футболи тоҷик мебошад. Новобаста аз натиҷаи бозӣ кори мураббигии худро дар футболи тоҷик қатъ карданиям", - мегӯяд Ҳабибуллоев.
Мавриди зикр аст, ки даври бистуякуми Чемпионати Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 25-26 сентябр баргузор мешавад.
"Истаравшан" дар хона, дар Варзишгоҳи марказӣ, тими пойтахт "Истиқлол" -ро қабул мекунад. Ҳоло бошгоҳи Ҳабибуллоев бо 29 имтиёз дар зинаи 4 -уми ҷадвал қарор дорад.
Махмаджон Хабибуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Баъди истеъфо аз "Куктош": Ҳабибуллоев ба "Истаравшан" меравад
Ҳабибуллоеви 55-сола чун мураббии ҳирфаӣ аз соли 2001 то 2013 дар бошгоҳи “Регар ТадАЗ” фаъолият намуда, шаш карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2004, 2006, 2007, 2008), се карат барандаи Ҷоми Президенти КФО (2005, 2008, 2009) ва Ҷоми Тоҷикистон (2001, 2005, 2006) шудааст.
Номбурда соли 2014 дар вазифаи сармураббии “Делерон-Уротеппа”-и Истаравшан фаъолият намуда, дар соли нахуст дастаро ба зинаи сеюми ҷадвал баровард.
Ҳамчунин моҳи феврали соли 2015 як муддат тими “Равшан”-и Кӯлобро тамрин дод ва июли ҳамон сол пас аз чанд моҳи сармураббӣ шуданаш истеъфо дод.
Судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Дар Тоҷикистон ду довари бозӣ муҷозот шуданд: сабаб
Баъдан, худи ҳамон сол ба вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот” даъват шуда, тими мазкурро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард, медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст овард.
Ӯ соли 2007 як муддат сармураббии тими миллии кишвар ва баъдан яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) буд.
Лентаи хабарҳо
0