https://sputnik.tj/20211011/smm-tojikiston-panohandagon-afghon-kumak-1042766366.html
СММ ба Тоҷикистон дар сурати афзоиши мавҷи паноҳандагони афғонистонӣ кумак мекунад
СММ ба Тоҷикистон дар сурати афзоиши мавҷи паноҳандагони афғонистонӣ кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад танҳо бо мавҷи паноҳандагони афғон мубориза барад
2021-10-11T16:45+0500
2021-10-11T16:45+0500
2021-10-11T17:42+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
смм
кӯмак
гурезаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042084121_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_bb66bc10d9fef38dc40c272cfdfc4c88.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тоҷикистон аз вуруди паноҳандагон аз Афғонистон аз созмонҳои байналмилалӣ кумак хоҳад гирифт. Дар ин бора Нодира Акбаралиева, мушовири хурди робита бо ҷомеаи дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба "РИА Новости" хабар дод.Ба гуфтаи вай, ба ҷумҳурӣ ҳам кумаки техникӣ ва ҳам молӣ расонида мешавад. Ин созмонҳо омодаанд, "бори масъулияти қабули паноҳандагонро ба дӯш гиранд".Акбаралиева қайд кард, ки раёсати Комиссариати олии паноҳандагони СММ бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи қабули шаҳрвандони Афғонистон дар қаламрави давлат робитаҳои доимӣ дорад. Ба гуфтаи мутахассис, кишварҳо наметавонанд дар танҳоӣ бо мушкилоти паноҳандагон мубориза баранд.Шумораи паноҳандагон дар Тоҷикистон пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи террористии "Толибон", ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст ва бинобар қатъи парвозҳои байналмилалӣ аз Кобулу бастани марзҳо ба рӯи онҳо ночиз буд. Аммо пас аз барқарор шудани ҳаракати ҳавоӣ ва додани шиноснома шумораи онҳо метавонад афзоиш ёбад.Акбаралиева хотиррасон кард, ки СММ расонидани кӯмаки башардӯстона ва дастгирии ҳуқуқиро ба ҳамаи паноҳандагон идома медиҳад.
https://sputnik.tj/20210909/nato-nazdi-tojikiston-zonu-mezanad-1042153001.html
https://sputnik.tj/20210915/ia-gurezaho-afghon-tojikiston-1042263674.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042084121_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_8d00fe3be6bb406564d39420e879070c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм тоҷикистон паноҳандагон афғон кумак
смм тоҷикистон паноҳандагон афғон кумак
СММ ба Тоҷикистон дар сурати афзоиши мавҷи паноҳандагони афғонистонӣ кумак мекунад
16:45 11.10.2021 (Навсозишуда: 17:42 11.10.2021) Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад бо мавҷи паноҳандагони афғонистонӣ танҳо мубориза барад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тоҷикистон аз вуруди паноҳандагон аз Афғонистон аз созмонҳои байналмилалӣ кумак хоҳад гирифт. Дар ин бора Нодира Акбаралиева, мушовири хурди робита бо ҷомеаи дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба "РИА Новости" хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ба ҷумҳурӣ ҳам кумаки техникӣ ва ҳам молӣ расонида мешавад. Ин созмонҳо омодаанд, "бори масъулияти қабули паноҳандагонро ба дӯш гиранд".
Акбаралиева қайд кард, ки раёсати Комиссариати олии паноҳандагони СММ бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи қабули шаҳрвандони Афғонистон дар қаламрави давлат робитаҳои доимӣ дорад.
Ба гуфтаи мутахассис, кишварҳо наметавонанд дар танҳоӣ бо мушкилоти паноҳандагон мубориза баранд.
"Ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳо бояд масъулияти дарёфти роҳҳои муносиб барои чунин вазъиятро ба дӯш гиранд", - таъкид кард Акбаралиева.
Шумораи паноҳандагон дар Тоҷикистон пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи террористии "Толибон", ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст ва бинобар қатъи парвозҳои байналмилалӣ аз Кобулу бастани марзҳо ба рӯи онҳо ночиз буд.
Аммо пас аз барқарор шудани ҳаракати ҳавоӣ ва додани шиноснома шумораи онҳо метавонад афзоиш ёбад.
Акбаралиева хотиррасон кард, ки СММ расонидани кӯмаки башардӯстона ва дастгирии ҳуқуқиро ба ҳамаи паноҳандагон идома медиҳад.