https://sputnik.tj/20210915/ia-gurezaho-afghon-tojikiston-1042263674.html
ИА барои паноҳандаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон 160 ҳазор евра ихтисос медиҳад
ИА барои паноҳандаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон 160 ҳазор евра ихтисос медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Маблағи ҷудонамуда барои хариди маводи ниёзи аввалия барои гурезаҳои Афғонистон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, масраф хоҳад шуд
2021-09-15T10:30+0500
2021-09-15T10:30+0500
2021-09-15T12:41+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
афғонистон
гуреза
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045321_0:243:2592:1701_1920x0_80_0_0_690801eb149d7a64516cd1ca1955110f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, барои афғонистониҳое, ки ба Тоҷикистон паноҳ овадаанд, 160 ҳазор евра кумаки пулӣ ихтисос диҳад. Ин хабарро намояндагии ИА дар Тоҷикистон нашр намудааст.Ба гузориши намояндагии ИА дар Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои кумак ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вокуниш ба афзоиши хушунат дар Афғонистон, таҳрики мавҷи нави паноҳандагони афғонистонӣ ихтисос ёфтааст.Гуфта мешавад, ин маблағ дар харидории маводи ниёзи аввал, аз ҷумлаи маводи ғизоӣ ва хаймаву дигар ашёи мавриди ниёзи паноҳандагон масраф мешавад.Тибқи маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, феълан ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон дастикам 5 ҳазор шаҳрванди Афғонистон паноҳ овардааст. Ин теъдод аз паноҳандагон давоми ҳамагӣ чанд ҳафтаи ахир аз тарси "Толибон"* ба Тоҷикистон омадаанд.Дар ҳамин ҳол ИА ҳушдор медиҳад, ки то авохири соли ҷорӣ теъдоди паноҳандаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон то 50 ҳазор нафар хоҳад расид.* созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
https://sputnik.tj/20210915/soleh-tojikiston-omad-fishorho-tolibon-panjsher-kohish-1042262941.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045321_0:0:2592:1944_1920x0_80_0_0_46d8ffe5f26294d710562319818f905b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон тоҷикистон гуреза иа
афғонистон тоҷикистон гуреза иа
ИА барои паноҳандаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон 160 ҳазор евра ихтисос медиҳад
10:30 15.09.2021 (Навсозишуда: 12:41 15.09.2021) Ин маблағ барои хариди маводи ниёзи аввали паноҳандаҳои афғонистонӣ, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, масраф хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, барои афғонистониҳое, ки ба Тоҷикистон паноҳ овадаанд, 160 ҳазор евра кумаки пулӣ ихтисос диҳад. Ин хабарро намояндагии ИА дар Тоҷикистон нашр намудааст.
Ба гузориши намояндагии ИА дар Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои кумак ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вокуниш ба афзоиши хушунат дар Афғонистон, таҳрики мавҷи нави паноҳандагони афғонистонӣ ихтисос ёфтааст.
Гуфта мешавад, ин маблағ дар харидории маводи ниёзи аввал, аз ҷумлаи маводи ғизоӣ ва хаймаву дигар ашёи мавриди ниёзи паноҳандагон масраф мешавад.
Тибқи маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, феълан ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон дастикам 5 ҳазор шаҳрванди Афғонистон паноҳ овардааст. Ин теъдод аз паноҳандагон давоми ҳамагӣ чанд ҳафтаи ахир аз тарси "Толибон"* ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар ҳамин ҳол ИА ҳушдор медиҳад, ки то авохири соли ҷорӣ теъдоди паноҳандаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон то 50 ҳазор нафар хоҳад расид.
* созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.