Аз Русия то Ӯзбекистон: Ҳамоиши соҳибкорони дохилию хориҷӣ дар Намоишгоҳи "Суғд -2021"

© REUTERS \ DENIS BALIBOUSEПрезидент Джо Байден и президент России Владимир Путин обмениваются рукопожатием
Президент Джо Байден и президент России Владимир Путин обмениваются рукопожатием  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии савдо “Суғд – 2021” баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 11 окт – Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон намоишгоҳи байналмиллалии тиҷоратии “Суғд – 2021” ро баргузор мекунад.
Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, раиси Палатаи савдо ва саноат дар Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, намоишгоҳ рӯзҳои 19 ва 20 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

“Мо ба ҳамаи шарикони рушд, аз ҷумла соҳибкорон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Белорус, Украина, Қирғизистон барои иштирок дар намоишгоҳ нома ирсол намудаем. То имрӯз соҳибкорони Русия ва Ӯзбекистон посух додаанд, ки иштирок мекунанд”, - гуфт Муҳаммадҷонов.

Бино ба гуфти ӯ, дар доираи ин чорабинӣ баргузории ҳамоиши тиҷорӣ, конфронсҳо ва намоиши молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷику хориҷӣ дар назар аст.
Раиси Палатаи савдо ва саноат гуфт, дар поёни кори намоишгоҳ бастани қарордодҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони тоҷик ва хориҷӣ дар назар аст.
Намоишгоҳи байналмилалии савдо “Суғд – 2021” бори ҳафтум аст, ки дар Хуҷанд баргузор мешавад. Соли гузашта ба далели хуруҷи бемории ҳамагир ин намоишгоҳ доир нагардид.
Праздник Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Вазорат: Ҷашни Меҳргон дар Душанбе 17 октябр баргузор мешавад
Масъулони Палатаи савдо ва саноат дар Суғд баргузории ин чорабинии байналмилалиро аз лиҳози роҳандозии ҳамкориҳои муассири иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои муосир муҳим арзёбӣ мекунанд.
“Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии "Суғд" як сакуи ҷаҳиши боэътимод ва хеле муҳим барои ноил шудан ба ҳадафҳои пешбинишудаи иқтисодӣ, инчунин як имконияти хуби намоиши иқтидори кишварҳои иштирокчӣ ва захираҳои моддию зеҳнии онҳо мебошад”, - гуфт сардори Палатаи савдо ва саноат дар Суғд.
Намоишгоҳи байналмилалии ҳафтуми тиҷоратии Суғд моҳи июни соли 2019 дар толори Қасри варзиш дар Хуҷанд баргузор шуда буд. Дар он намоишгоҳ 150 ширкати тоҷикӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Афғонистон ширкат намуда буданд. Он замон дар доираи баргузории намоишгоҳи "Суғд-2019" дар Хуҷанд тақрибан 100 қарордод, ёддошт ва созишномаҳо миёни соҳибкорон имзо шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0