https://sputnik.tj/20211009/vazorat-jashni-mehrgon-dushanbe-1042740116.html
Вазорат: Ҷашни Меҳргон дар Душанбе 17 октябр баргузор мешавад
Вазорат: Ҷашни Меҳргон дар Душанбе 17 октябр баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кард дар нимаи дувуми моҳи октябр дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон, ҷашнвора ва намоишгоҳи асал, маҳсӯлоту таҷҳизоти кишоварзӣ ва шолӣ баргузор мешавад
2021-10-09T19:25+0500
2021-10-09T19:25+0500
2021-10-11T12:09+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
душанбе
вазорати фарҳанг
ҷашни меҳргон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032111286_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_b3342fb4e954898a76c2f4a676a2fabd.jpg
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Ҷашни Меҳргон дар таърихи 17 октябр дар парки фарҳангӣ-истироҳатии Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъ, дар ин намоишгоҳ беҳтарини навъҳои асал ва ҳамчунин анвоъи мухталифи биринҷ, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон кишт мешаванд, ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷашни Меҳргон кишоварзон аз саросари Тоҷикистон маҳсӯлоти худ, аз ҷумлаи сабзавоту меваҳоро бо қимати муносиб ба фурӯш мегузоранд.Дар ин ҷашн ҳамчунин ғизоҳои миллӣ ва саноеъи дастии мардуми тоҷик низ ба намоиш гузошта мешавад.Вазорати кишоварзии Тоҷикистони ҳадаф аз баргузории ин рӯйдодҳоро эҳёи саноеъи дастӣ ва суннатҳои мардуми ин кишвар унвон кардааст.Меҳргон аз соли 2009 дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷашнҳои миллии “Наврӯз”, “Сада” ва “Тиргон” ҷашн гирифта мешавад.
https://sputnik.tj/20201211/Taloshi-Iran-va-Tajikistan-baroi-sabti-jahonii-jashni-Mehrgon--1032431774.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032111286_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_778c4371a17401b57a7d30ec0af138d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, меҳргон, ҷашн, душанбе, кишоварзӣ, вазорати фарҳанг
тоҷикистон, меҳргон, ҷашн, душанбе, кишоварзӣ, вазорати фарҳанг
Вазорат: Ҷашни Меҳргон дар Душанбе 17 октябр баргузор мешавад
19:25 09.10.2021 (Навсозишуда: 12:09 11.10.2021) Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кард, дар нимаи дувуми моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашни Меҳргон, ҷашнвора ва намоишгоҳи асал, маҳсулоту таҷҳизоти кишоварзӣ ва шолӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Ҷашни Меҳргон дар таърихи 17 октябр дар парки фарҳангӣ-истироҳатии Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин намоишгоҳ беҳтарини навъҳои асал ва ҳамчунин анвоъи мухталифи биринҷ, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон кишт мешаванд, ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷашни Меҳргон кишоварзон аз саросари Тоҷикистон маҳсӯлоти худ, аз ҷумлаи сабзавоту меваҳоро бо қимати муносиб ба фурӯш мегузоранд.
Дар ин ҷашн ҳамчунин ғизоҳои миллӣ ва саноеъи дастии мардуми тоҷик низ ба намоиш гузошта мешавад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистони ҳадаф аз баргузории ин рӯйдодҳоро эҳёи саноеъи дастӣ ва суннатҳои мардуми ин кишвар унвон кардааст.
Меҳргон аз соли 2009 дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷашнҳои миллии “Наврӯз”, “Сада” ва “Тиргон” ҷашн гирифта мешавад.