https://sputnik.tj/20211011/rahmon-talye-dushanbe-davat-1042770885.html
Раҳмон хонум Тилйёро ба Душанбе даъват кард: Ӯ аз робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд
Раҳмон хонум Тилйёро ба Душанбе даъват кард: Ӯ аз робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо хонум Элиан Талйе, президенти Палатаи намояндагони парлумони федеролии Белгия, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-10-11T19:20+0500
2021-10-11T19:20+0500
2021-10-11T19:21+0500
дар тоҷикистон
парлумон
аврупо
ҳамкорӣ
белгия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0b/1042770722_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_51f97c88cdd1b1492ef995f294f1cc75.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Элиан Тилйё 11 октябр дар шаҳри Брюссел баргузор шуд, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон. Манбаъ иттилоъ дод, ки дар ин мулоқот масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи хуби робитаҳои сиёсӣ ва байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин зимн густариши минбаъдаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистонро зарур шумурдааст. "Ҷонибҳо ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳоро муҳокима карданд", - хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон. Таъкид шудааст, ки ба ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва башардӯстонаву фарҳангӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноат, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, ҳавасмандӣ зоҳир гардид.Аз мавзуъҳои дигари меҳварии мулоқот мубориза алайҳи таҳдидҳои муосири амниятӣ арзёбӣ шуд. Дар Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Элиан Тилйё даъват намудааст, ки ба Тоҷикистон ташриф орад.
https://sputnik.tj/20211011/rahmon-safari-brusel-parizh-1042769663.html
аврупо
белгия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0b/1042770722_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_dd351fccead26b44af13faeef48a5ec2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хонум, мулоқот, талйе, палатаи парлумон
хонум, мулоқот, талйе, палатаи парлумон
Раҳмон хонум Тилйёро ба Душанбе даъват кард: Ӯ аз робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд
19:20 11.10.2021 (Навсозишуда: 19:21 11.10.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо хонум Элиан Тилйё, президенти Палатаи намояндагони парлумони федеролии Белгия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Элиан Тилйё 11 октябр дар шаҳри Брюссел баргузор шуд, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар ин мулоқот масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи хуби робитаҳои сиёсӣ ва байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин зимн густариши минбаъдаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистонро зарур шумурдааст.
"Ҷонибҳо ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳоро муҳокима карданд", - хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки ба ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва башардӯстонаву фарҳангӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноат, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Аз мавзуъҳои дигари меҳварии мулоқот мубориза алайҳи таҳдидҳои муосири амниятӣ арзёбӣ шуд.
Дар Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Элиан Тилйё даъват намудааст, ки ба Тоҷикистон ташриф орад.