https://sputnik.tj/20211011/rahmon-safari-brusel-parizh-1042769663.html
Раҳмон бо сафари дурӯза аз Брюссел вориди Париж мешавад
Раҳмон бо сафари дурӯза аз Брюссел вориди Париж мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Эҳтимол меравад дар ин сафар президенти Тоҷикистон бо ҳамтои фаронсавияш ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ кунад
2021-10-11T18:50+0500
2021-10-11T18:50+0500
2021-10-11T18:50+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
фаронса
эммануэл макрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/79/1030187975_0:0:2568:1446_1920x0_80_0_0_b7f9cff457047ec44c4fbbaa1db5b5d2.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз Брюссел бо сафари дурӯза озими Фаронса хоҳад шуд, дар ин бора "Ховар" дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷа иттилоъ додааст.Гуфта мешавад, сафари Раҳмон ба Фаронса тайи рӯзҳои 12-14 октябр ва дар он дидору мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудааст.Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати президенти Фаронса Эммануэл Макрон сурат мегирад.Зимни сафар ба Париж Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мулоқотҳо дар сатҳи баланд, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии "Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ" дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии "Гиме"-и Париж ва чорабиние бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО ширкат хоҳанд кард.Дар Рӯзҳои фарҳанги ҷумҳурӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО қариб сад ҳунарманд аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.Ҳайати ҳунармандон иборат аз сарояндаҳои машҳури кишвар ва гурӯҳҳои рақсӣ фардо ба Фаронса парвоз карда, Рӯзи фарҳанг бошад, 14 октябр доир мешавад.Қаблан Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2019 бо сафари расмӣ аз Фаронса боздид карда буд.
https://sputnik.tj/20211011/sitoraho-sanat-tojik-poris-hunarnamoi-1042767806.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/79/1030187975_195:0:2506:1733_1920x0_80_0_0_65b56b38059d8e6cb2ca061bcd02759f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон сафар брюсел париж
раҳмон сафар брюсел париж
Раҳмон бо сафари дурӯза аз Брюссел вориди Париж мешавад
Эҳтимол меравад, дар ин сафар президенти Тоҷикистон бо ҳамтои фаронсавияш ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз Брюссел бо сафари дурӯза озими Фаронса хоҳад шуд, дар ин бора "Ховар" дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷа иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, сафари Раҳмон ба Фаронса тайи рӯзҳои 12-14 октябр ва дар он дидору мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати президенти Фаронса Эммануэл Макрон сурат мегирад.
Зимни сафар ба Париж Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мулоқотҳо дар сатҳи баланд, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии "Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ" дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии "Гиме"-и Париж ва чорабиние бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО ширкат хоҳанд кард.
Дар Рӯзҳои фарҳанги ҷумҳурӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО қариб сад ҳунарманд аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Ҳайати ҳунармандон иборат аз сарояндаҳои машҳури кишвар ва гурӯҳҳои рақсӣ фардо ба Фаронса парвоз карда, Рӯзи фарҳанг бошад, 14 октябр доир мешавад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2019 бо сафари расмӣ аз Фаронса боздид карда буд.