https://sputnik.tj/20211011/peshnihod-jarima-khuddori-vaksinagiri-koronavirus-1042763613.html
Пешниҳоди ҷарима барои радди ваксинагирӣ алайҳи коронавирус дар Русия
Пешниҳоди ҷарима барои радди ваксинагирӣ алайҳи коронавирус дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Вирусшинос Александр Лукашев, узви вобастаи Академияи улуми Русия пешниҳод кардааст, ки дар кишвар барои радди ваксинагирӣ ҷарима роҳандозӣ шавад
2021-10-11T16:25+0500
2021-10-11T16:25+0500
2021-10-11T18:56+0500
тандурустӣ
ҷарима
вируси нав
дар русия
ваксина
коронавирус
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034297_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_86d1c2746bf636b1132c09d1d5d5c315.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҷарима барои худдорӣ аз ваксинагириро дар Русия вирусшинос Александр Лукашев зимни суҳбаташ дар радиои "Эхо Москвы" пешниҳод кардааст. Бар асоси нақли қавле, ки хабаргузории "РИА Новости" аз ин суҳбат овардааст, вирусшинос муътақид аст, ҷарима барои фаро гирифтани теъдоди бештари мардум бо ваксина мусоидат мекунад. Лукашев таъкид намудааст, ки дар замони пандемия бахши тандурустӣ сарбории сангини молӣ дорад ва радди ваксинагирӣ аз ҷониби бархе вазъиятро шиддат мебахшад. Ба гуфтаи ӯ, барои табобати як бемори COVID-19 ҳудуди 200 ҳазор рубл сарф мешавад ва хисороти бевосита метавонад то ба ним миллион расад. Вирусшинос дар чунин чунин шароит роҳандозии ҷаримаро қобили қабул хондааст, то доираи ваксинагирӣ васеъ шавад. Ӯ пешниҳод кардааст, ки ҳар саркаш аз ваксинагирӣ ҳар моҳ 5 ҳазор рубл пардохт кунад ва ин иқдомро пеш аз ҳама барои онҳое зурур донистааст, ки шомили гуруҳи осебпазиранд. Мақомоти тандурустии Русия ваксинагириро роҳи беҳтарини ҳимоя аз коронавирус мегӯянд. Вазири тандурустӣ Михаил Мурашко изҳор дошт, ки таносуби беморони вазнин миёни ваксинагирифтаҳо камтар аз 0,03 дарсадро ташкил медиҳад ва аксари онҳое, ки бистарӣ шудаанд, ваксина нагирифтаанд.
https://sputnik.tj/20211007/sjb-tojikiston-vaksin-muhlat-istifoda-guzashta-intiqol-1042703641.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034297_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_faf907f2029aa5a23e48853133035b16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вирус, академияи улуми русия, ваксина, беморӣ, ҷарима
вирус, академияи улуми русия, ваксина, беморӣ, ҷарима
Пешниҳоди ҷарима барои радди ваксинагирӣ алайҳи коронавирус дар Русия
16:25 11.10.2021 (Навсозишуда: 18:56 11.10.2021) Вирусшинос Александр Лукашев, узви вобастаи Академияи улуми Русия пешниҳод кардааст, ки дар кишвар барои радди ваксинагирӣ ҷарима роҳандозӣ шавад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҷарима барои худдорӣ аз ваксинагириро дар Русия вирусшинос Александр Лукашев зимни суҳбаташ дар радиои "Эхо Москвы" пешниҳод кардааст.
Бар асоси нақли қавле, ки хабаргузории "РИА Новости" аз ин суҳбат овардааст, вирусшинос муътақид аст, ҷарима барои фаро гирифтани теъдоди бештари мардум бо ваксина мусоидат мекунад.
Лукашев таъкид намудааст, ки дар замони пандемия бахши тандурустӣ сарбории сангини молӣ дорад ва радди ваксинагирӣ аз ҷониби бархе вазъиятро шиддат мебахшад.
Ба гуфтаи ӯ, барои табобати як бемори COVID-19 ҳудуди 200 ҳазор рубл сарф мешавад ва хисороти бевосита метавонад то ба ним миллион расад.
Вирусшинос дар чунин чунин шароит роҳандозии ҷаримаро қобили қабул хондааст, то доираи ваксинагирӣ васеъ шавад. Ӯ пешниҳод кардааст, ки ҳар саркаш аз ваксинагирӣ ҳар моҳ 5 ҳазор рубл пардохт кунад ва ин иқдомро пеш аз ҳама барои онҳое зурур донистааст, ки шомили гуруҳи осебпазиранд.
Мақомоти тандурустии Русия ваксинагириро роҳи беҳтарини ҳимоя аз коронавирус мегӯянд. Вазири тандурустӣ Михаил Мурашко изҳор дошт, ки таносуби беморони вазнин миёни ваксинагирифтаҳо камтар аз 0,03 дарсадро ташкил медиҳад ва аксари онҳое, ки бистарӣ шудаанд, ваксина нагирифтаанд.