https://sputnik.tj/20211011/ima-az-nakhustin-muzokirot-bo-tolibon-dar-qatar-khushhol-ast-1042755836.html
ИМА аз нахустин музокирот бо "Толибон"* дар Қатар хушҳол аст
ИМА аз нахустин музокирот бо "Толибон"* дар Қатар хушҳол аст
Sputnik Тоҷикистон
Департаменти давлатии ИМА муколама бо Толибонро дар Доҳа ошкоро ва касбӣ меҳисобад
2021-10-11T09:42+0500
2021-10-11T09:42+0500
2021-10-11T13:37+0500
има
афғонистон
қатар
гуфтушунид
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031891285_0:0:3381:1903_1920x0_80_0_0_e1e748e6a561a0237d7958c3ba3885e7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокироти дурӯза бо намояндагони "Толибон"* дар Қатарро мусбат арзёбӣ мекунад. Сухангӯи Департаменти давлатӣ Нед Прайс пас аз мулоқот бо "Толибон"* аллакай дар ин бора як изҳороти хаттӣ додааст.Прайс қайд кард, ки ҷониби Амрико ба мавзӯи амният ва мубориза бо терроризм, ҳуқуқи инсон, инчунин хориҷ кардани шаҳрвандони амрикоӣ, хориҷӣ ва афғонҳое, ки ба онҳо аз кишвар кумак кардаанд, дахл кардааст. Бояд қайд кард, мубоҳисаҳои дурӯза, ки рӯзҳои 9-10 октябр бо иштироки ҳайатҳои ИМА ва "Толибон"* дар Қатар баргузор шуданд, аввалин тамоси сатҳи баланди ин гурӯҳ ва баъзе аз кишварҳои ҷаҳон пас аз ишғоли қудрат дар Кобул ва хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон аст.Маълум аст, толибҳо ҳам ин мулоқотро босамар ва муваффақ номиданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки ин тамосҳо ба эътирофи ҳаракат аз ҷониби ИМА мусоидат хоҳанд кард. Илова бар ин "Толибон"* гузориш дод, ки ИМА мустақиман ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона ваъда кардааст. Қаблан аъзои "Толибон" дар Доҳа бо муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ мулоқот карданд. Қатар низ барои ҳамкорӣ бо Афғонистон изҳори омодагӣ кардааст. * - созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ
https://sputnik.tj/20211010/tolibon-elon-millioni-rad-kard-1042747387.html
има
афғонистон
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031891285_377:0:3108:2048_1920x0_80_0_0_fc31c9a399b915f59c21846c24bf8e32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има музокирот "толибон"* хушҳол
има музокирот "толибон"* хушҳол
ИМА аз нахустин музокирот бо "Толибон"* дар Қатар хушҳол аст
09:42 11.10.2021 (Навсозишуда: 13:37 11.10.2021) Департаменти давлатии ИМА муколама бо "Толибон"* дар Доҳаро ошкоро ва касбӣ меҳисобад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокироти дурӯза бо намояндагони "Толибон"* дар Қатарро мусбат арзёбӣ мекунад.
Сухангӯи Департаменти давлатӣ Нед Прайс пас аз мулоқот бо "Толибон"* аллакай дар ин бора як изҳороти хаттӣ додааст.
"Муҳокимаҳо ошкоро ва касбӣ буданд ва ҳайати ИМА бори дигар тасдиқ кард, ки *Толибон"* на танҳо бо суханонашон, балки бо амалҳояшон баҳо дода мешаванд",-гуфта мешавад дар паём.
Прайс қайд кард, ки ҷониби Амрико ба мавзӯи амният ва мубориза бо терроризм, ҳуқуқи инсон, инчунин хориҷ кардани шаҳрвандони амрикоӣ, хориҷӣ ва афғонҳое, ки ба онҳо аз кишвар кумак кардаанд, дахл кардааст.
Бояд қайд кард, мубоҳисаҳои дурӯза, ки рӯзҳои 9-10 октябр бо иштироки ҳайатҳои ИМА ва "Толибон"* дар Қатар баргузор шуданд, аввалин тамоси сатҳи баланди ин гурӯҳ ва баъзе аз кишварҳои ҷаҳон пас аз ишғоли қудрат дар Кобул ва хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон аст.
Маълум аст, толибҳо ҳам ин мулоқотро босамар ва муваффақ номиданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки ин тамосҳо ба эътирофи ҳаракат аз ҷониби ИМА мусоидат хоҳанд кард.
Илова бар ин "Толибон"* гузориш дод, ки ИМА мустақиман ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона ваъда кардааст.
Қаблан аъзои "Толибон" дар Доҳа бо муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ мулоқот карданд.
Қатар низ барои ҳамкорӣ бо Афғонистон изҳори омодагӣ кардааст.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ