https://sputnik.tj/20211011/bozdosht-kormand-sud-oli-1042760334.html
Боздошти корманди Суди Олӣ бо даҳҳо ҳазор доллар барои ваъдаи вазифа ва қатъи парвандаҳо
Боздошти корманди Суди Олӣ бо даҳҳо ҳазор доллар барои ваъдаи вазифа ва қатъи парвандаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Корманди Суди Олӣ барои қатъи парвандаву ваъдаи вазифа пул мегирифт 11.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-11T12:49+0500
2021-10-11T12:49+0500
2021-10-11T14:59+0500
қаллобӣ
суди олӣ
оҷонсии зидди фасод
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102349/62/1023496252_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_2388462d9ba6de22f6b59e3ea5c9ee83.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Суди Олӣро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардаастБа иттилои манбаъ, Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин, дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, даст ба қаллобӣ задааст.Гуфта мешавад ӯ дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои ба манфиати охирон ҳал намудани баҳси молу мулкӣ вобаста ба нуқтаи таъмири автомашинаҳо, ки дар баррасии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт пул талаб кардааст.Боздоштшуда инчунин дар якчанд ҳолат аз як гуруҳ шаҳрвандон барои пеш аз муҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудан низ пул талаб кардааст.Ӯ дар маҷмуъ 64.500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210000 сомонӣ талаб карда гирифта, ин миқдор маблағро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба шаҳрвандон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонидааст, афзудааст манбаъ.Оҷонсӣ нисбати Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол кардааст.
https://sputnik.tj/20210728/bozdosht-du-mansabdor-balandpoya-1041233759.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102349/62/1023496252_6:0:1429:1067_1920x0_80_0_0_229750cb9d4288998251fba1094b9c62.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаллобӣ, суди олӣ, оҷонсии зидди фасод, боздошт
қаллобӣ, суди олӣ, оҷонсии зидди фасод, боздошт
Боздошти корманди Суди Олӣ бо даҳҳо ҳазор доллар барои ваъдаи вазифа ва қатъи парвандаҳо
12:49 11.10.2021 (Навсозишуда: 14:59 11.10.2021) Корманди Суди Олӣ барои қатъи парвандаву ваъдаи вазифа пул мегирифт
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Суди Олӣро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст
Ба иттилои манбаъ, Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин, дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, даст ба қаллобӣ задааст.
Гуфта мешавад ӯ дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои ба манфиати охирон ҳал намудани баҳси молу мулкӣ вобаста ба нуқтаи таъмири автомашинаҳо, ки дар баррасии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт пул талаб кардааст.
Боздоштшуда инчунин дар якчанд ҳолат аз як гуруҳ шаҳрвандон барои пеш аз муҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудан низ пул талаб кардааст.
Ӯ дар маҷмуъ 64.500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210000 сомонӣ талаб карда гирифта, ин миқдор маблағро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба шаҳрвандон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонидааст, афзудааст манбаъ.
Оҷонсӣ нисбати Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол кардааст.