Эмомалӣ Раҳмон президент интихоб шуд: рӯзи 11 октябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 11 октября
День 11 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Обуна шудан
Рӯзи 11 октябр чун Рӯзи ҷаҳонии духтарон дар СММ, Рӯзи кашфи Гавая, Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ дар Абхазия ва Рӯзи ҷумҳурӣ дар Бошқирдистон таҷлил мешавад

Рӯзи 11-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1737 бар асари заминҷунбӣ дар Калкутта тақрибан 300 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод.
Соли 1881 сокини иёлати Дакотаи Шимолии ИМА Дэвид Хюстон барои плёнкаи аксӣ патент ба даст овард.
Соли 1852 дар Австралия якумин донишгоҳ - Донишгоҳи Сидней ба кори худ оғоз намуд.
День 10 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Рӯзи фалак ва зодрӯзи Аскар Ҳаким: 10 октябр дар таърих
Соли 1891 дар Стокҳолм аввалин осорхонаи этнографии "Скансен" дар фазои боз ифтитоҳ ёфт.
Соли 1931 дар ИҶШС дар робита ба пурра барҳам додани тиҷорати хусусӣ қарор қабул шуд.
Соли 1949 дар нишасти 3-юми Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аввалин Кодекси байналхалқии ахлоқи тиббӣ қабул гардид.

Рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2004 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург Созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Урупоро имзо кард.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки Урупоии Таҷдид ва Рушд оид ба амалиёт Ян Фишер ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Соли 2014 дар майдони назди Маркази савдои "Меҳргон"-и пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии шаҳри Душанбе аксияи экологии "Мо метавонем!" баргузор гардид.
Соли 2015 ба муносибати 70-солагии ЮНЕСКО ва Соли оила дар Тоҷикистон дар театр-студияи "Падида" дар мавзуи "Ман оилаи худро дӯст медорам" намоиши расмҳо доир шуд.
День 9 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Даргузашти Че Гевара ва зодрӯзи Латофат Орифова: 9 октябр дар таърих
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони Қаҳрамонии футболи Осиёро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, ба ҳузур пазируфта, аз Фонди захиравии худ ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим кард.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо раиси иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Соли 2020 интихоботи президентии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон барои 7-соли дигар раисҷумҳур интихоб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11-уми октябр

Рӯзи ҷаҳонии духтарон дар СММ.
Рӯзи кашфи Гавая.
Дар Абхазия Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
Рӯзи ҷумҳурӣ дар Бошқирдистон.
Рӯзи исён дар Мақдуния.

Рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Аҳмад Ғаниев (1927) – ҳайкалтарош, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Раҳматҷон Муҳаммадҷонов (1914 – 1996) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Солеҳ Раҷабов (1912 – 1990) – доктори илми ҳуқуқ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино.
Тоҷиниссо Саидова (1953) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Мустафо Шарқӣ (1920 – 1986) – нависанда.
Шуҳрат Шоҳимардонов (1940) – коргардони дубляжи кино.
Муҳаммадӣ Ҳамроев (1925) – доктори илми таърих, профессор.
Файзуллои Сомонӣ (1947) - шоир.
Лентаи хабарҳо
0