Рӯзи фалак ва зодрӯзи Аскар Ҳаким: 10 октябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 10 октября
День 10 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Обуна шудан
Рӯзи даҳуми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мешавад

Рӯзи 10-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1964 дар Токио Бозиҳои XVIII олимпӣ оғоз гардида, 24 октябр ба анҷом расиданд.
Соли 1997 дар Билбаои Испания яке аз калонтарин намоишгоҳи рассомӣ бо дарозии 137 м ва паҳноии 30 м кушода шуд.
Соли 1960 аз таъсири тӯфони шадид дар якчанд шаҳрҳои Ҳиндустон дар халиҷи Бенгал тақрибан 4 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.
День 8 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Зодрӯзи Наргис Бандишоева: 8 октябр дар таърих
Соли 1995 чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот Гарри Каспаров бори охир унвони чемпионии худро дар бозӣ бо шоҳмотбози ҳинд Виши Анандом ҳифз намуд.
Соли 2006 дар интернет шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ба кор оғоз намуд.

Рӯзи 10-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2012 дар Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини мулоқот намуд.
Соли 2013 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави Маркази вилоятии бемориҳои сил ифтитоҳ ёфт.
Соли 2013 дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ гардид, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд.
День 7 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Зодрӯзи Путин ва Қоимдодов: 7 октябр дар таърих
Соли 2014 дар шаҳри Минск Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.
Соли 2018 дар меҳмонхонаи "Sheraton"-и шаҳри Душанбе ҷаласаи IV Шӯрои байнидавлатии мамлакатҳои узви ИДМ оид ба экология доир шуд.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфта, 24 октябр ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 10-уми октябр

Дар Тоҷикистон Рӯзи фалак
Рӯзи байналмилалии биноӣ (чоршанбеи дуюми моҳи октябр).
Дар Аврупо рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.

Рӯзи 10-уми октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1898 олим, академик, дорандаи ҷоизаи давлатии ИҶШС, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Вячеслав Прокофевич Красичков.
Солҳои (1900-1970) шоир Саидалӣ Вализода.
Соли 1912 доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академик, ходими хизматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравӣ Салӣ Раҷабов.
Соли 1921 доктори илмҳои геолого-минералогия, академик, профессор Рауф Баратов.
Соли 1932 доктори илмҳои физико-математика, профессор Абдуҳамид Ҷураев.
Солҳои 91939-1977) Ҳунарманди кино ва театр, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов.
Солҳои (1939-1984) Ҳунарманди хизматнишондода Тоҷикистон Мастибек Паллаев.
Соли 1940 доктори илмҳои филология Фарҳод Зикриёев.
Соли 1946 шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким.
Соли 1977 муовини аввали роҳбари Боки миллиӣ Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев.
Лентаи хабарҳо
0