https://sputnik.tj/20211010/nafar-afghonistonro-tark-1042747585.html
Наздики 25 ҳазор нафар рӯзҳои наздик метавонанд Афғонистонро тарк кунанд
Наздики 25 ҳазор нафар рӯзҳои наздик метавонанд Афғонистонро тарк кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Афғонистон додани ҳуҷҷатҳо барои рафтан ба қаламрави дигар давлатҳо оғоз ёфт 10.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-10T12:35+0500
2021-10-10T12:35+0500
2021-10-10T15:39+0500
иҷтимоъ
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717889_0:281:3070:2008_1920x0_80_0_0_51182816a1dff5c00df21c0215b788f7.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Афғонистон додани шиноснома ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои берунрафтан аз ватан оғоз ёфт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба Вазорати умури хориҷа, ки аз ҷониби "Толибон"* ташкил шудааст.Ҳуҷҷат барои сафар ба дигар давлатҳо зарур аст, аммо дар қаламрави Афғонистон сокинони ҷумҳурӣ метавонанд аз кортҳои мушаххаси пластикӣ истифода баранд.Маълум аст, ки дар рӯзҳои наздик шӯъба қариб 25 ҳазор шиноснома медиҳад. Пеш аз ҳама, онҳоро шаҳрвандон бо маълумотномаи тиббӣ дар бораи зарурати фавран ба хориҷа барои табобат рафтан қабул мекунанд. Ба иттилои манбаъ, Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон барои гирифтани ҳуҷҷат 170 ҳазор дархост дорад ва кормандони ин бахш тасмим гирифтаанд, ки дар як рӯз 6000 шиноснома диҳанд. Дар ҳамин ҳол, аз субҳи барвақт назди вазорат теъдоди зиёди хоҳишмандон ҷамъ меоянд ва аксари онҳо бо тамоми аъзои хонаводаи худ сарҷамъ мешаванд. Тартиботро дар ин макон намояндагони "Толибон"* назорат мекунанд.Ёдовар мешавем, ки ҷангиёни "Толибон"*, ки дар Афғонистон сари қудрат омаданд, нияти додани ҳуҷҷатҳо ба шаҳрвандонро рӯзи 5 октябр эълон карданд. Барои анҷом додани ин кор онҳо ба кормандони идораи шиносномадиҳӣ иҷозати ба кор баргаштанро доданд.* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20211010/hamla-masjid-afghonistonro-150-kushta-smm-1042745584.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717889_283:0:3012:2047_1920x0_80_0_0_e1c2a3938158d1ac15ee900cdbf62438.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷтимоъ, афғонистон, осиёи марказӣ
иҷтимоъ, афғонистон, осиёи марказӣ
Наздики 25 ҳазор нафар рӯзҳои наздик метавонанд Афғонистонро тарк кунанд
12:35 10.10.2021 (Навсозишуда: 15:39 10.10.2021) Дар Афғонистон додани ҳуҷҷатҳо барои рафтан ба қаламрави дигар давлатҳо оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Афғонистон додани шиноснома ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои берунрафтан аз ватан оғоз ёфт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба Вазорати умури хориҷа, ки аз ҷониби "Толибон"* ташкил шудааст.
Ҳуҷҷат барои сафар ба дигар давлатҳо зарур аст, аммо дар қаламрави Афғонистон сокинони ҷумҳурӣ метавонанд аз кортҳои мушаххаси пластикӣ истифода баранд.
Маълум аст, ки дар рӯзҳои наздик шӯъба қариб 25 ҳазор шиноснома медиҳад. Пеш аз ҳама, онҳоро шаҳрвандон бо маълумотномаи тиббӣ дар бораи зарурати фавран ба хориҷа барои табобат рафтан қабул мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон барои гирифтани ҳуҷҷат 170 ҳазор дархост дорад ва кормандони ин бахш тасмим гирифтаанд, ки дар як рӯз 6000 шиноснома диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, аз субҳи барвақт назди вазорат теъдоди зиёди хоҳишмандон ҷамъ меоянд ва аксари онҳо бо тамоми аъзои хонаводаи худ сарҷамъ мешаванд. Тартиботро дар ин макон намояндагони "Толибон"* назорат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷангиёни "Толибон"*, ки дар Афғонистон сари қудрат омаданд, нияти додани ҳуҷҷатҳо ба шаҳрвандонро рӯзи 5 октябр эълон карданд. Барои анҷом додани ин кор онҳо ба кормандони идораи шиносномадиҳӣ иҷозати ба кор баргаштанро доданд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия