https://sputnik.tj/20211010/hamla-masjid-afghonistonro-150-kushta-smm-1042745584.html
СММ ҳамла ба масҷиди Кундузро, ки 150 кушта бар ҷой гузошт, шадидан маҳкум кард
СММ ҳамла ба масҷиди Кундузро, ки 150 кушта бар ҷой гузошт, шадидан маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Ин созмон даъват кардааст, ки афроди масъули ташкили таркиши мудҳиш дар масҷиди Қундуз ҷазо дода шаванд
2021-10-10T10:36+0500
2021-10-10T10:36+0500
2021-10-11T12:23+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
қундуз
таркиш
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920564_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_6921c31cbb77c2eeb3b241640da08d29.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Бар асари таркиш дар масҷиди шиаҳои Саидобод дар вилояти Кундуз, дар шимоли Афғонистон 150 нафар кушта шуд. Ҳамчунин беш аз 200 кас ҷароҳатҳои гуногун бардошт.Маълум аст, ки миёни кушташудаҳо ва маҷрӯҳон шумораи зиёди кӯдакону наврасон низ ҳастанд. Аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, ин ҳамларо маҳкум карданд ва ваъда доданд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ"*-ро, ки масъулияти таркишро ба уҳда гирифтаанд, пайдо мекунанд ва ҷазо медиҳанд.Бино ба гузоришҳои расонаҳо, таркиш дар ҳоле рух дода, ки яке аз маргталабон дар байни издиҳоми шиаҳо дар масҷид худро таркондааст. Ин сеюмин таркиши бузург дар муассисаҳои динии Афғонистон тайи ҳафтаи охир аст. Шӯрои Амнияти СММ даъват кард, ки созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. СММ афзуд, ки терроризм "бо ҳама шакл ва зуҳуроти он яке аз таҳдидҳои асосӣ ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст." * - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
https://sputnik.tj/20211008/dahshati-noguftani-infijori-masjidi-qunduz-1042729670.html
https://sputnik.tj/20211009/vokunishi-karzay-infijori-masjidi-shiaho-1042735222.html
афғонистон
қундуз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920564_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_b8d3cbab4539bd87dcffe916c168dc40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, смм, ҳамлаи террористӣ, қундуз
вокуниш, смм, ҳамлаи террористӣ, қундуз
СММ ҳамла ба масҷиди Кундузро, ки 150 кушта бар ҷой гузошт, шадидан маҳкум кард
10:36 10.10.2021 (Навсозишуда: 12:23 11.10.2021) Ин созмон даъват кардааст, ки афроди масъули ташкили таркиши мудҳиш дар масҷиди Қундуз ҷазо дода шаванд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Бар асари таркиш дар масҷиди шиаҳои Саидобод дар вилояти Кундуз, дар шимоли Афғонистон 150 нафар кушта шуд.
Ҳамчунин беш аз 200 кас ҷароҳатҳои гуногун бардошт.
Маълум аст, ки миёни кушташудаҳо ва маҷрӯҳон шумораи зиёди кӯдакону наврасон низ ҳастанд.
Аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, ин ҳамларо маҳкум карданд ва ваъда доданд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ"*-ро, ки масъулияти таркишро ба уҳда гирифтаанд, пайдо мекунанд ва ҷазо медиҳанд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳо, таркиш дар ҳоле рух дода, ки яке аз маргталабон дар байни издиҳоми шиаҳо дар масҷид худро таркондааст.
Ин сеюмин таркиши бузург дар муассисаҳои динии Афғонистон тайи ҳафтаи охир аст. Шӯрои Амнияти СММ даъват кард, ки созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
"Аъзои Шӯрои амният ба зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ин амали террористиро ташкил, маблағгузорӣ ва сарпарастӣ кардаанд, таъкид карданд".
СММ афзуд, ки терроризм "бо ҳама шакл ва зуҳуроти он яке аз таҳдидҳои асосӣ ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст."
* - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ