https://sputnik.tj/20211010/arabiston-shart-nav-safar-makka-madina-1042753182.html
Шарти нави Арабистон барои сафар ба Макка ва Мадина
Шарти нави Арабистон барои сафар ба Макка ва Мадина
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати ҳаҷҷи умраи Арабистон эълон кард, ки иҷозатномаи ҳаҷ танҳо ба нафароне дода мешавад, ки ду вояи ваксинаи мавриди таъйиди саудиро дошта бошанд 10.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-10T20:05+0500
2021-10-10T20:05+0500
2021-10-11T13:07+0500
дар ҷаҳон
ҳаҷ
арабистон
дин ва оин
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040979255_0:154:3091:1893_1920x0_80_0_0_06a49eda0e645b5481f337be39ca96c2.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Арабистони Саудӣ шарти ҷадид барои зоирини хонаи Худоро гузошт, хабар медиҳад "ал-Олам".Ба иттилои манбаъ, ин кишвар дар асоси дастурамали Вазорати беҳдошти Арабистон ва ба хотири ҳифзи саломатии зоирин шартҳои нав пиёда намудааст.Ба ҳамин минвол Вазорати ҳаҷҷи умраи Арабистон эълон намудааст, ки иҷозати зиёрати хонаи Худо танҳо ба нафароне дода мешавад, ки ду вояи ваксинаи мавриди таъйиди ин кишварро дошта бошанд.Зикр гардидааст, зоироне, ки муҷаввизи адои маносики умра, намоз ё зиёратро дарёфт намудаанд ва аммо ду воя воксан нагирифтаанд, барои ҷилавгирӣ аз лағви муҷаввизи адои маносик бояд вояи дувумро 48 соат пеш аз судури муҷаввиз дарёфт кунанд.Арабистон пештар адои маносики ибодӣ дар Масҷид-ул-ҳаром ва Масҷид-ун-набиро танҳо машрут ба дарёфти воксинаи мавриди таъйиди ин кишвар карда буд .Бар асоси гузориши бархе манобеи хабарӣ, мақомоти ин кишвар рӯзона 60 ҳазор ва моҳона тақрибан 2 миллион зиёраткунандаро қабул мекунанд.Ба далели авҷи бемории коронавирус Арабистон аз қабули зоирони 33 кишвари ҷаҳон барои адои маносики ҳаҷҷи умра худдорӣ карда буд.
https://sputnik.tj/20210614/abdulqodirzoda-haj-farz-1040207157.html
арабистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040979255_221:0:2950:2047_1920x0_80_0_0_21526bfe6fbe451f2865b8b75e572d09.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳаҷ, арабистон, дин ва оин
дар ҷаҳон, ҳаҷ, арабистон, дин ва оин
Шарти нави Арабистон барои сафар ба Макка ва Мадина
20:05 10.10.2021 (Навсозишуда: 13:07 11.10.2021) Вазорати ҳаҷҷи умраи Арабистон эълон кард, ки иҷозатномаи ҳаҷ танҳо ба нафароне дода мешавад, ки ду вояи ваксинаи мавриди таъйиди саудиро дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Арабистони Саудӣ шарти ҷадид барои зоирини хонаи Худоро гузошт, хабар медиҳад "ал-Олам".
Ба иттилои манбаъ, ин кишвар дар асоси дастурамали Вазорати беҳдошти Арабистон ва ба хотири ҳифзи саломатии зоирин шартҳои нав пиёда намудааст.
Ба ҳамин минвол Вазорати ҳаҷҷи умраи Арабистон эълон намудааст, ки иҷозати зиёрати хонаи Худо танҳо ба нафароне дода мешавад, ки ду вояи ваксинаи мавриди таъйиди ин кишварро дошта бошанд.
Зикр гардидааст, зоироне, ки муҷаввизи адои маносики умра, намоз ё зиёратро дарёфт намудаанд ва аммо ду воя воксан нагирифтаанд, барои ҷилавгирӣ аз лағви муҷаввизи адои маносик бояд вояи дувумро 48 соат пеш аз судури муҷаввиз дарёфт кунанд.
Арабистон пештар адои маносики ибодӣ дар Масҷид-ул-ҳаром ва Масҷид-ун-набиро танҳо машрут ба дарёфти воксинаи мавриди таъйиди ин кишвар карда буд .
Бар асоси гузориши бархе манобеи хабарӣ, мақомоти ин кишвар рӯзона 60 ҳазор ва моҳона тақрибан 2 миллион зиёраткунандаро қабул мекунанд.
Ба далели авҷи бемории коронавирус Арабистон аз қабули зоирони 33 кишвари ҷаҳон барои адои маносики ҳаҷҷи умра худдорӣ карда буд.