https://sputnik.tj/20211009/vazorat-shikanja-sayfullohzoda-uzvi-guruhi-rahmon-gitler-1042743242.html
Вазорат шиканҷаи Сайфуллоҳзодаро рад кард: Ӯро узви гурӯҳи Раҳмон Гитлер задааст
Вазорат шиканҷаи Сайфуллоҳзодаро рад кард: Ӯро узви гурӯҳи Раҳмон Гитлер задааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати адлияи Тоҷикистон хабарҳоро дар мавриди шиканҷаи рӯзноманигор ва собиқ узви Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рад карда, иттилоъ додааст, ки ӯро маҳбуси дигар, собиқ узви гуруҳи "Раҳмон Гитлер" латукӯб кардааст
2021-10-09T18:55+0500
2021-10-09T18:55+0500
2021-10-11T12:09+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳнит
латукӯб
шиканҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/09/1042742674_0:0:837:470_1920x0_80_0_0_606b28c704d067154ca90bf26ead00e0.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ эълон кардааст, ки овозаи шиканҷа шудани маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар муассисаи ислоҳии 3/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ асос надорад. Ба иттилои Вазорат, на шиканҷа, балки латукӯби Сайфуллоҳзода ҷой доштааст, ки 5-уми сентябри соли 2021 рух додааст. Тавзеҳ дода шудааст, ки он рӯз миёни маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии 3/1 Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Аслиддин Турсунов муноқишаи лафзӣ рух дода, бо латукӯб анҷомидааст. Ба иттилои Вазорат, Аслиддин Турсунов собиқ узви гурӯҳи террористии Сангинов Раҳмон, маъруф ба Раҳмон Гитлер мебошад, ки барои гаравгонгирию бандитизм ба зиндон маҳкум шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки миёни ин ду маҳкумшуда дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задаст. Зикр шудааст, ки роҳбарияти муассисаи ислоҳӣ бинобар вайрон кардани тартиботи дохилимуассисавӣ худи ҳамон рӯз Турсунов Аслиддинро ба муҳлати 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ барои адои ҷазо ворид намуд. Таъкид гардидаст, ки маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ягон осеби ҷисмонӣ надидааст ва барои табобат низ муроҷиат накард.Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, рӯзноманигор ва собиқ узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки баъди ҳаводиси марбути ошӯби соли 2015-и генерал Абдуҳалим Назарзода ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Ин шарҳи Вазорати адлия дар ҳоле нашр шуд, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо дар мавриди латукӯби Сайфуллоҳзода дар зиндони шаҳри Ваҳдат интишор ёфта буданд.
https://sputnik.tj/20210913/tasdiqi-afv-ipoteka-muhojiron-kushtori-kheshoni-masud-aqibnashini-tolibon-1042211576.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/09/1042742674_37:0:664:470_1920x0_80_0_0_fcfa78cbca4bcd2dfa8ac4634bcd6480.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
латукӯб, сайфуллоҳзода, ҳнит
латукӯб, сайфуллоҳзода, ҳнит
Вазорат шиканҷаи Сайфуллоҳзодаро рад кард: Ӯро узви гурӯҳи Раҳмон Гитлер задааст
18:55 09.10.2021 (Навсозишуда: 12:09 11.10.2021) Вазорати адлияи Тоҷикистон хабарҳоро дар мавриди шиканҷаи рӯзноманигор ва собиқ узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рад карда, иттилоъ додааст, ки ӯро маҳбуси дигар, собиқ узви гуруҳи "Раҳмон Гитлер" латукӯб кардааст
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ эълон кардааст, ки овозаи шиканҷа шудани маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар муассисаи ислоҳии 3/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ асос надорад.
Ба иттилои Вазорат, на шиканҷа, балки латукӯби Сайфуллоҳзода ҷой доштааст, ки 5-уми сентябри соли 2021 рух додааст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки он рӯз миёни маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии 3/1 Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва Аслиддин Турсунов муноқишаи лафзӣ рух дода, бо латукӯб анҷомидааст.
Ба иттилои Вазорат, Аслиддин Турсунов собиқ узви гурӯҳи террористии Сангинов Раҳмон, маъруф ба Раҳмон Гитлер мебошад, ки барои гаравгонгирию бандитизм ба зиндон маҳкум шудааст.
Дар изҳорот омадааст, ки миёни ин ду маҳкумшуда дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задаст.
"Др натиҷа Турсунов Аслиддин ба таҳқирҳои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода тоб наоварда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст", - иттилоъ дод Вазорати адлия.
Зикр шудааст, ки роҳбарияти муассисаи ислоҳӣ бинобар вайрон кардани тартиботи дохилимуассисавӣ худи ҳамон рӯз Турсунов Аслиддинро ба муҳлати 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ барои адои ҷазо ворид намуд. Таъкид гардидаст, ки маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ягон осеби ҷисмонӣ надидааст ва барои табобат низ муроҷиат накард.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, рӯзноманигор ва собиқ узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки баъди ҳаводиси марбути ошӯби соли 2015-и генерал Абдуҳалим Назарзода ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.
Ин шарҳи Вазорати адлия дар ҳоле нашр шуд, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо дар мавриди латукӯби Сайфуллоҳзода дар зиндони шаҳри Ваҳдат интишор ёфта буданд.