https://sputnik.tj/20211009/tojikiston-tahiyai-naqshahoi-generalii-shahru-nohiyaho-1042738192.html
Пурра ба анҷом расидани таҳияи нақшаҳои куллии 64 шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон
Пурра ба анҷом расидани таҳияи нақшаҳои куллии 64 шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расидааст
2021-10-09T14:25+0500
2021-10-09T14:25+0500
2021-10-11T11:33+0500
дар тоҷикистон
таҳия
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
нақшаи генералӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041768222_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_9e1f84d666768e119ff1f31ce8fae474.jpg
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар додааст, ки айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд.Ҳамзамон тибқи иттилои кумитаи меъморӣ ва сохтмон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаҳои муфассали банақшагирии 10 маркази шаҳру ноҳияҳо тасҳеҳталаб буда, дар соли гузашта ва шашмоҳаи аввали соли равон таҳияи лоиҳаи муфассали банақшагирии қисматҳои алоҳидаи марказҳои ноҳияҳои Ёвон, Ховалинг ва Ишкошим пурра иҷро гардида, баъди муҳокима дар Шӯрои шаҳрсозии Кумита барои баррасии минбаъда ва тасдиқ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикргардида супорида шуд.“Таҳияи лоиҳаи муфассали банақшагирии қисми марказии шаҳри Хоруғ, маркази ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Левакант ва Дӯстӣ ба анҷом расонида шуда, барои баррасӣ ва мувофиқасозӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда пешниҳод гардидааст”, - илова кард манбаъ.Ёдрас мешавем, ки соли 2021 дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ эълон гардидааст.Дар иртибот ба ин аз ҷониби Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил тарҳрезӣ гардидааст. Дар Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ Кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст.Дар соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар миқёси ИДМ Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар бораи ба истифода дода шудани қариб 580 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон дар кишвар хабар медиҳад.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин давра фондҳои асосӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ беш аз 5,4 миллиард сомониро ташкил дод.Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 8750 ҷойи нишаст, беморхона барои 140 кат, дармонгоҳ барои 340 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 635 ҷой ба истифода дода шудаанд.
https://sputnik.tj/20210205/Dangara-shahr-Kumita-sokhtmon-1032764612.html
https://sputnik.tj/20190918/khoruq-namoishgoh-jumhuriyavi-dastovard-soha-memori-shahrsoz-doir-megardad-1029885475.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041768222_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_6b891e310c712b959c703082074b16f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақшаи генералӣ, таҳия, кумитаи меъморӣ
тоҷикистон, нақшаи генералӣ, таҳия, кумитаи меъморӣ
Пурра ба анҷом расидани таҳияи нақшаҳои куллии 64 шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон
14:25 09.10.2021 (Навсозишуда: 11:33 11.10.2021) Дар Тоҷикистон таҳияи нақшаҳои куллии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расидааст
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар додааст, ки айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд.
“Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба анҷом расонида шуда, дар мувофиқа қарор дорад”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон тибқи иттилои кумитаи меъморӣ ва сохтмон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаҳои муфассали банақшагирии 10 маркази шаҳру ноҳияҳо тасҳеҳталаб буда, дар соли гузашта ва шашмоҳаи аввали соли равон таҳияи лоиҳаи муфассали банақшагирии қисматҳои алоҳидаи марказҳои ноҳияҳои Ёвон, Ховалинг ва Ишкошим пурра иҷро гардида, баъди муҳокима дар Шӯрои шаҳрсозии Кумита барои баррасии минбаъда ва тасдиқ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикргардида супорида шуд.
“Таҳияи лоиҳаи муфассали банақшагирии қисми марказии шаҳри Хоруғ, маркази ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Левакант ва Дӯстӣ ба анҷом расонида шуда, барои баррасӣ ва мувофиқасозӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда пешниҳод гардидааст”, - илова кард манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки соли 2021 дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ эълон гардидааст.
Дар иртибот ба ин аз ҷониби Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил тарҳрезӣ гардидааст. Дар Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ Кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст.
Дар соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар миқёси ИДМ Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар бораи ба истифода дода шудани қариб 580 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон дар кишвар хабар медиҳад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин давра фондҳои асосӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ беш аз 5,4 миллиард сомониро ташкил дод.
Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 8750 ҷойи нишаст, беморхона барои 140 кат, дармонгоҳ барои 340 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 635 ҷой ба истифода дода шудаанд.